Хартозии рӯбоҳ

Инсон баҳри дарёфти мавқеи худ дар ҷомеа давоми ҳаёти худ талош менамояду роҳу усулҳои гуногунро дар ҷодаи дарёфти муваффақиятҳо истифода менамояд. Мутасссифона, на ҳар фард дар расидан ба мақсадҳои хеш роҳи усулҳои нафъоварро истифода менамояду дар натиҷа шармандаи мардум мегардад. Зеро, расидан ба ниятҳои нек аз фард дилу нияти пок, тинати покро металабад.

Муғризи палид Муҳиддин Кабирӣ – сардори тӯдаи разили наҳзатии нафарест, ки дидаю дониста, маҳз роҳи каҷи дарёфти ҷомеаро интихоб намудааст ва подоши амалҳояш расвоиюшармандагист. Ин муртади маккор ба далолати хоҷагони маблағгузори хориҷиаш тез-тез ҳиллаю макрҳои навротариқи шабакаҳои иттилоотӣ паҳн менамояд. Вале, ҳадафҳояш хокхӯрдаву бебароранд. Кабирии фосиқ якравона мисли маркаби аблаҳ ду пой дар як мӯзаҷой додавукӯшиши пешравӣ дорад. Дарк карда наметавонад, ки дар олами муосири паҳнои иттилоотӣ мафкураи ҷаҳонбинии мардум, алахусус дигар шудаасту бо макру айёрӣ дар шуури мардум ҷой натавон ёфт. Лекин, зӯр мезанад, ин аблаҳи ландаҳур ва балегӯякони ҳамаслаконаш намедонанд, ки “зӯри беҳуда миён мешиканад”.

Дар тасвироти хеш Кабирии мунофиқ болои маркабе нишаста хаёли роҳравӣ хоҳон аст. Аммо, ҳам савораву ҳам маркаб дар якравиву истодагарӣ ҳамсони якдигаранд, яке аз аз дигарибадтару гузаро. Бинобар ин,маркаб намехоҳад бидуни луқмаи ғизо ба пеш раваду Кабирии аблаҳи мумсик ақаллан хасе ба ӯ доданӣ нест. Зеро, худи ӯ ҳам аз хоҷагонаш интизории луқмаи нав асту соҳибонаш аввало хизмати босазоро доранд. Ин аст хартозии рӯбоҳи маккор, ки нафсу амалаш ҳамрадифи маркаб гаштааст. Агар, худи Кабирӣ бидуни мукофот аз хоҷагон амале содир накунад ва мисли маркаб хоҳони луқмаи нави ғизо бошад, ҳаммаслакони ба доми Кабирӣ афтодаи ландаҳураш чӣ ҳол дошта бошанд?

Яке қассобичорвову дигаре духтури қассобпеша, сеюмӣ рӯзноманигори касбфурӯш ва дигаронаш низ “соҳибҳунару” одамсимоанду дар асл ҳайвонтабиати ватанфурӯшанд. Чунин тӯдаи ноҷинсони ватангадоро метавон ба подаи маркабон шабеҳ дод, ки сархари он рӯбоҳи маркабсифат - Кабирии маккори баднафсу мумсик бошад!?

Нафаре ба ин тоифаи наҳзатии касифҳамовозу ҳамраъй мегардад, ки худ низ ба ин балозадагон дар як зина аст. Аз ин лиҳоз фардони соҳибақлу ботамиз андеша кунанд, ки чи тавр ин подаи ифротгаро нобуд кард, ки майнаи дигарон олудаи фикрҳои палидонаи худ нагардонанд!

Итминони комил дорам, ки мардуми шарифи сарзамини муқаддас - Тоҷикистони биҳиштосо аз мутоилаи андешаҳои мазкур хулосаи зарурӣ мебароранду бехи дарахти манҳус - анчар, яъне наҳзатиёни разил бо сархараш Кабирии муртад азмуҳити ҷомеа бармекананд. Зираку эҳтиёткор бошем , ки заҳри қаттоли ин тӯдаи касиф ҷомеаи моро олуда насозад.

Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ