Харобкориҳо дар Бадахшон

Аз расонаҳои хабарӣ ба мо – ҳайати устодони кафедраи адабиёти муосири тоҷик маълум гаштааст, ки санаи 14-уми ноябри соли 2021 дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Хоруғ аз ҷониби зода ва истиқоматкунандаи ин қаламрав Шеров Манучеҳр Мисжитович ва аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, Ҷамшед Шаъбонов ва дигарон дар пости маҳаллаи Тирчиди шаҳри Хоруғ ба кормандони раёсати Вазорати корҳои дохила бо табар ҳуҷум шуда, онҳо захмдор гардидаанд.

Гирдиҳамоии трафдорони Гулбиддин Зиёбеков ҳам коре буд, ки ба раванди ҳаёти осоишта халал меовард. Чуноне хуб маълум аст, ин гуна гирдиҳамоии эътирозӣ ғайриқонунӣ ташкил шудааст, ба ин шакку шубҳа нест. Дар ҳоле ки мувофиқи иттилои мақомоти расмии вилоят Гулбиддин Зиёбеков дар содир намудани чандин ҷиноят, аз ҷумла латукӯби ёвари Прокурори Роштқалъа Абирзода, ангезиши ҳисси инсонбадбинии миллӣ ва маҳаллӣ дар соли 2020 айбдор мешавад, гурӯҳи Шеров М. чунин кори бешарафонаи онҳоро идома медиҳад. Афзун ба ин санаи 25-уми ноябри соли 2021 дар Бадахшон муқобилати мусаллаҳона сурат гирифта ва ду корманди милитсия захмӣ шуданд, ки аз ривоҷи бемайлони бетартибӣ дарак медиҳад. Натиҷаи ҳамин амалҳои бефоида буданд, ки Зиёбеков Г. ва кормандони милитсия Гулназар Муродбеков дар беморхона ба фавт расиданд.

Фаъолият ва кирдори ин гуна гурӯҳҳо комилан харобиовар аст, ки ба фазои орому осудаи кишварамон латма меоварад; ин гуна рафтор имкони хароб кардани тафаккури ҷавононро низ дорад; дар натиҷа хатари ба муқобили сиёсати давлати қонунӣ хезондани ҷавонон ба миён хоҳад омад.

Манучеҳр Шеров ва аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятии Хоруғ тибқи талаби қонун ҷавобгари ҷиноятанду ҷиноятҳояшон ба гарданашон дайн аст. Бинобар ин, ба ҷавобгарӣ кашида шудани онон ягон шубҳа ба миён намеоварад. Ононе, ки ба амри харобовари ҷиноят даст мезананд, бояд донанд, ки ин чораи ҳалли масъала нест. Бинобар ин, аз бетартибӣ даст кашанд. Касоне, ки силоҳ доранд, ба таври ихтиёрӣ онро супоранд ё силоҳҳо мусодира карда шаванд. Дар Бадахшон барои хотима додани гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир низ нуқта гузошта шавад. Ба ин мақсад ташкилкунадаи бетартибиҳо ва интиқолдиҳандагони маводи мухаддир низ ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Бадахшон бахши комили Тоҷикистон ва ҷузъи канданашавандаи таърихи тоҷикон аст! Бинобар ин бояд ин ҷо пояи сулҳу субот ва Ваҳдати миллии тоҷикон устувор бошад!

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ