Халқи тоҷик ҷонибдори сулҳу осоштагӣ аст

Барои боз ҳам беҳтар нигоҳ доштани бехатарии давлат ва аз ҳар гуна падидаҳои номатлуб эмин доштани халк Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамешагӣ кўшиш менамоянд. Воқеаҳои солҳои 90-уми карни гузашта исбот намудааст, ки ба сулху Ваҳдати миллӣ расидани тоҷикон ин таҷрибаест барои дигарон. Зеро ки барои расидан ба ин ҳадаф аз чӣ қадар ҷоннисориву ҷонкоҳиҳо гузаштааст мардуми шарафманди тоҷик.

Бояд қайд кард, ки дар шароити имрўза вақте ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай бо пешравиҳои худ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар дохил ва муносибатҳои байналхалқӣ худро муаррифӣ карда истодааст ва пайваста кўшиш намуда истодааст, ки мардум осудаҳол бо меҳнати ҳалоли худ зиндагии худро ба пеш баранд.

Бояд халқи тоҷик аз дастовардҳои даврони истиқлолият баҳра баранд онро ҳифз намоянд, муқаддас шуморанд, новобаста аз он ки дар дохили Тоҷикистон ё ин ки берун аз он қарор доранд. Бояд онҳо бо ҳисси масъулиятшиносиву хештаншиносии худ дарк намоянд, ки ҳамаи ин бевосита кўшишу заҳматҳои Сарвари муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки аз соли 2015 инҷониб фаъолияти ТЭТ ҲНИ дар Тоҷикистон манъ карда шудааст ва он шахсиятҳое, ки аъзои ин ташкилот ҳастанд, ҳамчун афроди бо терроризму экстремизм алоқаманд дониста мешаванд. Зеро, амалҳои онҳо ғайриқонунӣ буда ҳамчун ташкилоти террористиву экстремистӣ маҳсуб меёбад ва фақат барои барангехтани ақидаҳои ғаразноки зиддидавлатӣ маҳсуб меёбад, ки ин амал ноҷоиз аст.

Халқи шарафманди тоҷик ба ҳар гуна овозаҳову ақидаҳои зиддиҳукуматии ТЭТ ҲНИ бовар намекунанд, зеро онро пайваста ба сулҳу осоиштагӣ амал карда сиёсати созандаву сулҳофари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ менамоянд.

Мо метавонем гуфта, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол мардуми сарбаланду бофарҳанг дорад ва бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат мўхтарам Эмомалӣ Раҳмон метавонад, ки ба яке аз мамлакатҳои пешрафтаи ҷаҳон табдил ёбад. Боварї дорем, ки ба ин шаҳрвандони қавииродаи Ватани азизамон мусоидат хоҳанд кард.

Меҳримоҳ Ватанзода

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ