ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ «ОЛИМИ СОЛ – 2025» ҚАДРДОНӢ ШУДАНД
Дар доираи чорабинии тантанавии ҷамъбасти фаъолияти илмӣ ва инноватсионии Донишгоҳ маросими қадршиносии ғолибони озмуни анъанавии «Олими сол – 2025» баргузор гардид.
Ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин таъкид дошт, ки озмуни мазкур бо мақсади ҳавасмандгардонии фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ, дастгирии олимони фаъол, рушди иқтидори илмии омӯзгорону муҳаққиқон ва таҳкими фазои илмии донишгоҳ роҳандозӣ гардида, ҳамасола беҳтарин намояндагони ҷомеаи илмиро муайян менамояд.
Дар бахши илмҳои дақиқ мақоми аввалро дотсенти факултети физика ва техника Зарифҷон Юсупов, ҷойи дуюмро дотсенти факултети иқтисодӣ Фируза Қурбонова ва зинаи сеюмро муаллими калони факултети геоэкология ва туризм Дилфуза Исмоилова соҳиб гардида, бо диплом ва медали озмун сарфароз гардиданд.
Дар бахши илмҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ ғолибият насиби профессори факултети забонҳои Шарқ Фахриддин Насриддинов, дотсенти факултети забонҳои хориҷӣ Рано Ибрагимова ва дотсенти факултети таърих ва ҳуқуқ Ҷамолиддин Абдукаримов гардида, ба онҳо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Зимни маросими супоридани мукофотҳо роҳбарияти донишгоҳ саҳми олимонро дар рушди илми ватанӣ, омодасозии кадрҳои баландихтисос ва баланд бардоштани нуфузи илмии муассиса муҳим арзёбӣ намуда, изҳори боварӣ кард, ки чунин ташаббусҳо барои ноил гардидан ба дастовардҳои нави илмӣ ва таҳқиқотӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Маросими қадрдонӣ дар фазои тантанавӣ ҷараён гирифта, бо эҳтиром ба заҳмати илмии ғолибон ва қадршиносии саҳми онҳо дар пешрафти илму маориф анҷом пазируфт.
Маркази иттилоот