Ғояҳои маҳрамона?!
Баъзе нафарони калонсол, ки тамоми умри худ бо тӯҳфаю пора, садақаву подоши амалҳои ғайриинсонӣ зиндагонӣ кардаанд, алҳол низ маҷбуранд виҷдону имон, ватану диёр фурӯхта бошад ҳам зиндагонӣ ба пеш баранд, зеро аллакай муттаҳамиву танбалӣ ба онҳо одат шудааст. “Тарки одат балои ҷон” мегӯянд дар урфият, ки мансуб ба одату зиндагонии чунин палидони наҳзатӣ мебошад. Бо иқдоми маблағгузорони хориҷӣ аз шабакаҳои иҷтимоӣ суханронии нобакорони ватанфурӯш манзараи ҳузнангез аст, ки шаъну эътибори Ватани маҳбубамонро коҳиш медиҳад. Гарчанде, ки ҳамагон дар олам хуб дарк кардаанд, ки дар ҳама халқу миллатҳо дар қатори бузургон нафарони палиди хоин низ вуҷуд дошта метавонанд, барои миллати фарҳангсолору тамаддунофари тоҷик мавҷудияти чунин доғҳо нанговар аст. Итминони дорам, ки агар Восеъву Темурмалик ва амсоли онҳо бузургони дигари миллат зинда мешуданд, дар навбати аввал каллаи пучи наҳзатиёнро аз тан ҷудо мекарданду савоби азалӣ насибашон мегардид.
Алҳол, гарчанде палидони нобакор бо ҳар баҳонаю сабабе сӯи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳарфҳои беасоси носазо мегӯянд, масъулини мамлакат таҳаммул пеша кардаанд. Сабурӣ хислати бузургон мебошад ва мукофоти сабурӣ файзу баракоти ҷомеаи солими мост, ки мушоҳида дорем. Аммо, мебояд худи қишрҳои гуногуни ҷомеа, аз зиёиён то деҳқон, аз хурдсол то пиронсолон мавқеи фаъолро ишғол намоянд. Тавассути васоити ахбори омма, сӯҳбатҳо дар маҳалли зист, маҳфилҳои оилавӣ ва ҳоказо суханҳои ифротгарои аъзои ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати Исломро воқеъибинона таҳлил ва фитнаю дасисабозии онҳо ошкор карда шаваду моҳияту мазмуни амали шаҳрвандона муайян гардад. Вагарна, баъзе ҷавонон, ҳатто калонсолони ноогоҳ фирефтаи суханҳои бӯҳтону иғвогаронаи наҳзатиёни палид мешаванду гумроҳ шуда ҳаёти худ барбод надиҳанд. Бинобар ин, аз масъулин хоҳиш менамоям, ки ҳар баромади наҳзатиёни ифротиро дар шабакаҳои иҷтимоӣ тавассути қишрҳои солим ба ҷомеа расонанду таҳлили аниқу дақиқ ботилу дурӯғ будани андешаҳои онро собит месозад. Мардуми шарифи кишвар бо нерӯи бузурги зеҳнӣ метавонанд “қилро аз хамир ҷудо намоянд” ва минбаъд ғояҳои ифротии муттаҳамонаи наҳзатӣ дар хоки муқаддаси Ватан намесабзанду ҷомеаи мо ҳамеша солим, ором, осуда бо сулҳу субот ва ояндасозу бунёдкор то абад боқӣ хоҳад монд.