Гаравидани ҷавонон ба тамоюлҳои номатлуб ва роҳҳои пешгирии он
Яке аз муаммоҳое, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла мақомоти давлатӣ ва шаҳрвандони кишвари моро ба ташвиш овардааст ин гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-ифротӣ ва гурӯҳҳои тундраву моҷароҷӯ мебошад. Терроризм ва экстремизм дар замони муосир на танҳо ба як миллату давлат, балки барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ хатари ҷиддӣ дошта, боиси нооромиҳо дар гӯшаву канори олам гардидааст. Муборизаи ҳадафнок ҳамоҳангсозии фаъолият дар ин самт, чораву амалҳои якҷояи давлатҳо ва ташкилоти сатҳи байналмиллалиро тақозо менамояд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмиллалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” зикр намуданд, ки: “таъмин намудани сулҳу субот ва амнияти пойдории кишварҳо аз ҷумлаи вазифаҳои калидӣ ва шарти муҳимтарини роҳандозиву пешбурди равандҳои созанда ба хотири рушди устувор дар сатҳи байналмиллалӣ ва минтақавӣ ба ҳисоб меравад”.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти олии мамлакат пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризму экстремизмро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ, мамлакатҳои Осиёи Миёна ва тамоми ҷаҳон зери таваҷҷӯҳи махсус қарор дода, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои муштарак дар ин самт чораву тадбирҳои таъхирнопазир менадешад.
Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз таърихи 21 апрели соли 1997 Фармон «Оид ба чораҳои пурзӯр намудани мубориза бар зидди терроризм» қабул карда шуда буд. Аз ҷониби Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ ва мубориза бо терроризм аз ҷумла як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардидаанд ва амал менамоянд: Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм» ва ғайра.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2006 таҳти рақами 1717 Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) қабул гардид, ки барои субъектони (мақомот ва ниҳодҳо) бар зидди терроризм ва экстремизм муборизабаранда роҳнамо ва дурнамои фаъолият ба шумор меравад. Консепсияи мазкур дар асоси қонунгузории кишвар мураттаб шуда, сиёсати давлатиро дар самти муқовимат бо терроризму экстремизм ва пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ин равияву гурӯҳҳои номатлуб муайян менамояд.
Санадҳои меъёрии ҳуқуқии зикргардида пояи ҳуқуқии сиёсати оштинопазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бар зидди терроризм ва экстремизм маҳсуб меёбад. Бо вуҷуди қабул ва мавриди амал қарор додани санадҳои ҳуқуқӣ дар ҷомеаи мо нафароне ҳастанд, ки қонунҳоро нодида мегиранд, қонуншиканӣ мекунанд ва сабабҳои гуногун ба гурӯҳҳои тундрав ва ифротгаро шомил мешаванд. Бояд зикр намуд, ки дар ҷаҳони муосир терроризм ва экстремизм бештар зуҳуроти бо дин омехта намуданро дорад ва динро ба манфиатҳои худ истифода мебаранд.
Дар сатҳи ҷаҳон ҳоло беш аз 42 ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ фаъолият менамоянд, ки 25 тои онҳо худро бо дин иртибот медиҳанд. Дар Тоҷикистон имрӯз фаъолияти 17 ҳизбу ҳаракатҳо террористию экстремистӣ эълон карда шуда, бо ҳалномаи Суди Олӣ фаъолияташаон манъ карда шудааст, ки ҳама хусусияти динӣ доранд. Таҷрибаи тафтишотиву судӣ шаҳодат медиҳад, ки аксарияти мубаллиғони ақидаҳои тундгароӣ ва шахсоне, ки ҷавононро бо истифода аз муқарраротҳои дини мубини ислом, сохтаву бофтаҳои худ ба ҷаҳолат, ифротгароӣ, якравӣ ва хушунату зӯроварӣ мебаранд. Бо ташаббуси саривақтии Пешвои миллат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти марбута аз 3800 нафар ҷавононе, ки ғайриқонунӣ дар донишгоҳҳои динии хориҷи кишвар таҳсил мекарданд, 3400 нафарашон ба Ватан баргардонида шуданд, аммо 400 нафарашон то ҳол бар нагаштаанд. Аз вилояти Суғд низ аз 715 нафар толибилмони макотиби динии хориҷӣ, 688 нафарашон баргардонида шуданд, як қисмати онҳо хулосаи зарурӣ набароварда, боз пинҳонӣ ба ҷои таҳсилашон рафтаанд ва имрӯз 32 нафар то ҳол дар хориҷи кишвар таҳсили динии ғайрирасмиро давом дода истодаанд. Ин ҳолат волидайн ва мақомоти масъулро водор месозад, ки барои баргардонидани нафарони боқимонда чораандешӣ намоянд. Муттаассифона ҷавонони дар мадрасаву муассисаҳои динии хориҷӣ ғайриқонунӣ таҳсилкунанда аз ҷиҳати мавкуравӣ осебпазир гашта, ғоя, мазҳаби бегонаро қабул мекунанд ва рафтору кирдорашон хавфноку хатарнок мегардад.
Омили дигаре, ки имрӯз ҷавононро ба доми ифроту ҷаҳолат кашида истодааст ин ҷанги иттилоотӣ пахши ғояҳои ифротгаро ва моҷароҷӯ тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ мебошад. Мо бояд дар байни ҷавонон корҳои тарғиботиро оиди таҳаммулпазирӣ ва ҳамзистии осоиштаи одамон, дӯст доштани Ватан, инсондӯстӣ, расидан ба қадру қиммати истиқлолияту ваҳдати миллӣ ва бовар накардан ба ҳар гуна фиребу дасисаҳои душманони миллат тақвият бахшем ва бо далелу мисолҳои равшану возеҳ ба онҳо ин ҳатарҳо ва оқибатҳои онро фаҳмонем.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҷавонон баъзе дар хориҷи кишвар ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ рафтору кирдор, намуди зоҳирӣ ва ақидаҳои динии худро тағйир медиҳанд. Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҷомеаи кишвар ҳадафҳои террористону экстемистонро хуб дарк намуда, роҳу усулҳои муосири пешгирии онро дарёфт намудаанд. Аз ин лиҳоз, ифротгароён дар хориҷи кишвар фарзандони моро, ки дур аз Ватан, оила ва волидайн ҳастанд бо осонӣ ба доми худ кашида истодаанд. Дар ин самт бояд падару модар ва хешу пайвандон хуб андеша намуда, аз таҳсил, ҳолу аҳвол ва рафтору гуфтори фарзандонашон дар муҳоҷират низ бохабар бошанд, нагузоранд, ки онҳо ба доми шахсони фиребгару душманони миллати мо афтанд.
Имрӯз корҳои тарғиботию ташвиқотии ҳадафнок бо баромадҳои таҳлилӣ барои ҷавонон ва дигар қишрҳои ҷомеа зарур аст. Дар вақти корҳои тарғиботӣ синну сол, маълумот, касбу ҳунар бояд ҳатман ба ҳисоб гирифта шавад. Ба хонандагони синфҳои поёнии мактаб рӯирост дар бораи терроризму экстремизм ва кирдору рафтори бераҳмонаи онҳо, намоиши филмҳо аз ҷиноятҳои нангину сангини содирнамудаи онҳо ба мақсад мувофиқ нест. Аз ҷиҳати синну сол ноболиғон ин амалҳоро нодуруст қабул карданашон мумкин аст ва ин гуна намоишҳо ба руҳияи онҳо таъсири манфӣ расонида, онҳоро аз хурдӣ ба сангдилӣ, бераҳмӣ одат мекунанад.
Гузаронидани корҳои тарғиботӣ бо қишрҳои осебпазири аҳолӣ махсусан оилаҳое, ки фарзандашон дар муҳорибаҳои ҷангии ДИИШ иштирок мекунанд, ба ҷурми узвият ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ маҳкум карда шудаанд ё гумонбар дониста мешаванд ва дигар шахсони онҳоро иҳотакунанда барои аъзогӣ мувофиқи мақсад аст.
Тамоми кормандони мақомоти давлатӣ, ки ҳамарӯза бо мардум сарукор доранд, бояд ба шаҳрвандон бо эҳтироми хоса, беғаразона, боадолатона, масъулияти том ва воқеъбинона муносибат намуда, барои ҳалли дуруст ва қонунии муаммоҳои пайдошуда чораҷӯӣ намоянд. Чунки норозигии шаҳрванд аз мақомоти давлатӣ шояд шахсро ба ифроту ҷаҳолат барад. Аз кирдори нодуруст ва аз чорчӯбаи қонун ва ахлоқ баромадани як корманди мақомоти давлатӣ шаҳрванд на ба худи ӯ балки ба давлат, қонун, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нафрату хусумат пайдо карданаш мумкин аст.
Нафароне, ки барои узвият ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремисӣ маҳкумшудаанд, маънаван заифу осебпазир мебошанд ва дар ҳолати аз озодӣ маҳрум шуданашон низ пушаймон ва ислоҳ шуданашон душвор аст. Дар ҳолати якҷоя бо дигар маҳкумшудагон нигоҳ доштани онҳо эҳтимолияти вайрон намудани мафкураи онҳо низ ҷой дорад. Бояд ин қабил шахсон комилан аз маҳкумшудагони дигар ҷудо нигоҳ дошта шуда, бо онҳо корҳои махсуси фаҳмондадиҳию тарғиботӣ бо ҷалби мутахассисони варзида, сиёсатшиносон, уламои дин ва равоншиносон ба роҳ монда шаванд.
Ҷалби васеи ҷавонони боистеъдод ба корҳои тарғиботию ташвиқотӣ, махфилу кружокҳо, чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ натиҷаҳои мусбиро ба бор хоҳад овард. Чунки муносибат ва муоширати ҳамсол ба ҳамсол усули хуби корҳои фаҳмондадиҳӣ мебошад. Бо ҷалби ҷавонон ба ҳар гуна махфилу чорабиниҳо онҳоро аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ эмин нигоҳ дошта, диду назари онҳоро ба тарзи ҳаёту зиндагии солим гарм месозад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, яке аз воситаҳои қонунии мубориза бар зидди шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ мебошад. Аммо таҳлилҳо нишон медиҳад, баъзе падару модарон ва шахсони ивазкунандаи онҳо то ҳол моҳият ва зарурияти меъёрҳои ин қонунро дарк накардаанд ва нисбати тарбияи варзанди худ, ки неъмати азизтарин барои волидайн ба шумор меравад, бетарафӣ, бепарвоӣ ва беэътиборию беэътиноӣ зоҳир менамоянд. Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар санаи 12-уми майи соли 2018 зикр намуданд, ки дар соли 2017 ва семоҳаи аввали соли 2018 барои риоя накардани талаботи қонуни зикргардида 23 ҳазор волидайн ба ҷавобгарӣ кашида шуда, 175 парванда нисбати волидайне, ки фарзандонашонро ба мактаб нагузоштаанд оғоз карда шудааст. Инчунин беэътиноии волидайн дар он зоҳир мегардад, ки дар ин мӯҳлат мақомоти милитсия қариб 3000 нафар ноболиғонро дар марказҳои дилхушӣ дастгир намуда, нисбаташон корҳои фаҳмондадиҳӣ ва чораҳои ҳуқуқӣ андешидаанд.
Ин ҳолатҳо боиси ба содир намудани ҷиноят даст задани ноболиғон, коста гардидани одобу ахлоқ, осебпазир гардидани онҳо ва афзудани хатари шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мегардад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ, бархӯрди манфиати абарқудратҳо, сиёсати духӯраи баъзе давлатҳо нисбат ба мафҳуми терроризму экстремизм ҳар як шаҳрванди бедордилу соҳибхиради моро вазифадор менамояд, ки бояд зиракии сиёсиро аздаст надиҳем ва қарзи шаҳрвандии худро дар назди наслҳои имрӯзу фардо аз ёд набарорем ва барои солим нигоҳ доштани мафкураи мардум аз ҷумла насли ҷавону ояндасоз кӯшиш ба харҷ диҳем.
Суханронӣ, асарҳои пурмӯҳтаво ва дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тамоми мақомоти давлатӣ ва ҳар як сокини кишвар бояд сармашқи фаъолияти худ қарор дода, барои пешравии кишвари азизамон саҳми арзанда гузоранд. Мо бояд ба қадри истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва оромии кишвар бирасем, нагузорем то ба сари миллати тоҷик, ки дар тули таърих барои соҳиб шудан ба истиқлолият азият кашида ҷоннисориҳо намудаанд, хатар ва дигар азияте бирасад.
Ҷабборов И. Р. - устоди ДДХ