ФОРУМИ III РЕКТОРОНИ МТОК-И ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН: ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХУҶАНД
Дар доираи баргузории Форуми III ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки 13 марти соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров қадами муҳимме дар самти ҳамкориҳои байналмилалӣ гузошт.
Дар ҳамоиши сатҳи баланд, ки бо иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири мактабҳои олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, сафири Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон, роҳбарони вазоратҳо ва зиёда аз 100 ректору намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ баргузор гардид, масъалаҳои рушди ҳамкориҳои илмиву таълимӣ, табодули таҷрибаи академӣ ва татбиқи барномаҳои муштараки академӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар доираи форум байни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва панҷ муассисаи таҳсилоти олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон созишномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Аз ҷумла, шартномаҳо бо Донишгоҳи илмҳои геологии Ӯзбекистон, Донишгоҳи технологияҳои иттилоотии Тошканд ба номи Муҳаммад ал-Хоразмӣ, Донишгоҳи давлатии Навоӣ, Донишгоҳи давлатии меъморӣ-сохтмонии Самарқанд ва Донишгоҳи давлатии Фарғона ба имзо расонида шуданд.
Имзои ин санадҳо барои рушди ҳамкориҳои илмиву таълимӣ, татбиқи барномаҳои муштараки академӣ, анҷом додани таҳқиқоти илмии муштарак ва табодули донишҷӯёну омӯзгорон заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар кори бахши форум ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин иштирок намуда, дар мавзуи «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҳамчун майдони ҳамкории академии донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон» маъруза кард. Дар баромади худ ӯ нақши муассисаҳои таҳсилоти олиро дар таҳкими ҳамкориҳои илмӣ, рушди барномаҳои муштараки таълимӣ ва густариши робитаҳои байналмилалӣ таъкид намуд.
Қобили зикр аст, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар самти рушди робитаҳои байналмилалӣ ф аъолияти назаррас дошта, айни замон бо зиёда аз 130 муассисаи илмӣ-таълимӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ шартномаҳои ҳамкорӣ дорад. Ин раванд ба баланд бардоштани сифати таҳсилот ва таҳкими мавқеи байналмилалии Донишгоҳ мусоидат менамояд.
Маркази иттилоот ва таҳлил