​Фазои мустаҳками идеологии солим ба манфиати ҷомеа аст!

Аз гузашта то ба имрӯз масъалаи тарбия дар руҳияи худшиносиву ватандӯстӣ ва меҳанпарастӣ дар меҳвари адабиёти классикии форсу тоҷик қарор дорад. Ин шаҳодат бар он аст, ки падидаҳои манфии ҷомеа бо ҳар унвон дар ҳар давру замон фаъолият мебурданд. Дар ҷомеаи муосир падидаҳои манфӣ ба унвони экстремизм ва терроризм маъмул гашта, ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.

Инсоният ҳамеша ба тарбияи солим ниёз дорад. Агар заминаи тарбия солим ва ё носолим бошад, дар он бевосита нақши оила марказӣ мебошад. Зеро дар тафаккури наслҳо оила бояд андешаи солимро тарғиб намояд, ки дар пешгирии ҳар падидаи манфӣ шахсро эмин медорад. Зеро кӯдак дар оила дар руҳияе, ки тарбия ёбад, дар ҳамон руҳия ташаккул меёбад.

Аз ин рӯ, тарбияи носолим дар ҷомеа ба худ фарогири чанд омил аст. Омили асоситарин ба андешаи мо холигии фазои идеологии солим дар оила аст, зеро исбот шудааст, ки дар ҳар маконе, ки холигии идеологӣ ба вуҷуд ояд, ҷои онро ғояҳои нав ишғол менамоянд. Дар натиҷа, боварии ҷавонон нисбат ба идеяҳои низоми оилавӣ ва муҳит заиф гардида, онҳо ба ғояҳои бегона мегараванд. Табиати инсон ба ҳамон самт равона аст, ки ҳамеша фаъол аст.

Муҳаққиқ Мусиков И.С. ва ҳаммуаллифон нақши муҳими оиларо ҳамчун субъекти пешгирии ифротгароӣ ва терроризм қайд мекунанд. Онҳо дар пажӯҳишҳои худ мегӯянд, набудани наздикии эҳсосӣ дар оила метавонад боиси деформатсияи равонии шахсият гардад. Ки шояд сабаби набудани ҳисси амнияти волидайн бошад. Яке аз хусусиятҳои муҳимтарини оила, ки ба радикализатсияи шахсият таъсир мерасонад, рафтори оила ҳангоми дучор шудан бо вазъияти душвори зиндагӣ мебошад.

Бобоҷони Хайриддин – устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ