​ФАРҲАНГИ ОИЛАДОРӢ: ХОНАВОДА ВА МУШКИЛОТИ ОИЛАДОРӢ

Маҳфили «Фарҳанги оиладорӣ» ин навбат бо иштироки омӯзгорону донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» дар факултети иқтисодӣ баргузор гардид. Чорабинӣ ба масъалаҳои таҳкими арзишҳои оилавӣ ва баланд бардоштани маърифати ҷавонон дар самти зиндагии мустақилона бахшида шуд.

Маҳфилро дотсент Зулфия Раҷабова ифтитоҳ намуда, зимни суханронӣ роҷеъ ба аҳаммияти барпо намудани оилаҳои ҷавон дар заминаи эҳтироми мутақобил, масъулиятшиносӣ ва фарҳанги баланди оиладорӣ ибрози назар кард. Ӯ таҳкими пояҳои маънавии оиларо омили муҳимми суботи иҷтимоӣ арзёбӣ намуд.

Баъдан дотсент Фаридун Ҳодибоев дар мавзуи «Омилҳои пешгирии низоъҳо байни арӯсу хушдоман дар оила» маъруза ироа намуда, таъкид дошт, ки пешгирии чунин муноқишаҳо ба сатҳи маърифат, фарҳанги муошират ва омодагии ҷавонон ба ҳаёти мустақилона вобастагии амиқ дорад. Ба гуфтаи ӯ, омилҳои асосии низоъҳо рашк, нофаҳмӣ, камбуди тарбия, никоҳи бармаҳал ва дахолати беандешона ба ҳаёти навхонадорон мебошанд. Зикр шуд, ки тавассути тақвияти маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар тарбияи фарзандон ва рушди фарҳанги таҳаммулгароӣ метавон заминаҳои пошхӯрии оилаҳои ҷавонро коҳиш дод.

Дар кори маҳфил ҳамзамон собиқадор, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Махфират Тоҳирова, мудири шуъбаи кор бо занон ва духтарони Донишгоҳ Дилбар Раҳмонова ва омӯзгорону донишҷӯёни факултетҳо иштирок намуданд.

Дар фарҷоми маҳфил донишҷӯён барномаи фарҳангӣ пешниҳод намуда, бо саҳнаҳои тарбиявӣ ва шеърхонӣ аҳаммияти ҳамдигарфаҳмӣ, муҳаббат ва эҳтиромро дар пойдории оила таҷассум намуданд.

Чорабинӣ бо табодули афкор байни иштирокчиён баргузор гардида, барои таҳкими маърифати оилавии ҷавонон заминаи мусоид фароҳам овард.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ