​Ёрдам карда наметавонӣ, зиёни худро нарасон!

Дар фосилаи ками таърихӣ дар давраи 30 соли истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳо ба пешравиҳои назаррас ноил гардид. Ҳамчун ҳадафҳои асосии сиёсати берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат қайд намуданд доир ба масъалаҳои, ҳифзи манфиатҳои олии кишвар, фароҳам овардани шароити мусоиди берунӣ барои рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таъмини амнияти миллӣ, тақвияти рукнҳои давлатдорӣ, дифоъ аз ҳуқуқу озодиҳо, эътибор ва манфиатҳои шаҳрвандони кишвар, таҳкими мавқеи давлат дар арсаи байналмилал ва амсоли инро ба миён гузоштанд, ки талаби замони муосиранд. Дар муносибат бо кишварҳои ҳамсоя ба сиёсати дӯстӣю ҳамкориҳои густариши созанда бо якдигар, воситаи муҳимтарини муқовимат бо таҳдиду хатарҳои глобалии муосир мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанўз аз солҳои 1999 ҷиҳати муборизаи фарогир бар зидди терроризм ва экстремизм як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқироқабул намуд.

Роҳбари давлат 16 ноябри соли 1999 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо терроризм» имзо гузошт. 21 ноябри соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо экстремизм» ба тасвиб расид. Қабули ин ду қонун барои Тоҷикистон имкониятҳои фарохеро дар таҳкими мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овард. Ҳукумати мамлакат тамоми конвенсияҳои зиддитеррористиро, ки дар чаҳорчўбаи Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони ҳамкории Шанхай қабул гардида буданд, мавриди тасдиқ қарор дод. Тоҷикистон, ки аз байни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай дар ҷабҳаи аввали мубориза бо терроризм ва экстремизм қарор дорад, дар асл амнияти тамоми кишварҳои узви ин созмонҳоро таъмин намуда, дар роҳи пешгирии терроризм ва экстремизм ба қаламрави онҳо ҳамчун сипар истодааст. Зеро имрузҳо бояд шукронаи сулҳу ваҳдатамонро кунем ва дар фазои орому озод зиндагӣ намуда истодаем. Нагузорем, ки нигоҳи бади чунин гурӯҳҳо ба сарзамини, биҳиштосои Тоҷикистони мо расад.

Албатта як хабар ё маълумоти нодуруст ё дуруст метавонад ақидаи ҷомеаро дар як муддати муайян иваз намояд. Зеро мувофиқи маълумоти охироне, ки барои мо дастрас гардид маълум мешавад, ҷавоне бо номи Музаффар, ки гуноҳи ӯ танҳо мояи ифтихори ҳар як тоҷик мебошад. Зеро ҷавон ҳангоми сафари худ ба Тоҷикистон навореро аз натиҷаи сафараш ба бинандагони Ютуб паҳн кардааст, ки ин амали ин ҷавон Музаффар ҳашми назҳатиҳо, ки яке аз онҳо Сулаймон Орзу, ки блогери ТЭТ ҲНИ мебошад ба бор овардааст. Аз гуфтори баёншуда чунин эъзоҳ оварда мешавад, ки мо бояд тамоми қишри ҷомеаро даъват ба амал орем. Зеро имруз ҳушёрию зиракӣ ҳар ҷавони кишвари соҳибистиқлол метавонад барои ҳимояву якпорчагӣ ватани азизамон сафарбар гардад. Зеро Ман фикр мекунам нисбати ҷавонони зодаи истиқлолият ва барои тарбия намудани онҳо дар рӯҳияи ватандӯстиву, ватанпарастӣ тамоми шароитҳо аз ҷониби Ҳукумати кишвар муҳаё карда шудааст. Зеро нафаре, ки ба қадри ин қадар ғамхориҳо намерасад ва онро дар амал бо ҷавоби ғаразнок ифода менамояд. Беҳтараш барои давлату миллат ягон кор накунад, ва барои нафарони дигар низ зарар нарасонад. Аз дастад меояд ёри расон агар не беҳтараш зарари худро низ нарасон.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ