​Эмомалӣ Раҳмон – ҳомии сулҳу субот дар саросари ҷаҳон

Сулҳу субот ва ваҳдату истиқлолият аз ободии рӯзгори мардум ва аз сарсабзии кишвар дарак медиҳад. Ин аст, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ рӯзгори мардуми шарафманди Тоҷикистон хубу ин кишвари биҳиштосо сарсабзу хуррам гардид. Сулҳу Ваҳдат беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди Ватан дар ҳар замину замон аст.

Ҷаҳони пуртаззод ва тезу тунди имрӯз, раванди бархӯрдҳои миллию минтақавиро бештар кардааст. Имрӯз давлатҳое рушд менамоянд, ки дар бозиҳои сиёсии ҷаҳон зиракии сиёсии худро аз даст надода, дар ҳифзи арзишҳои миллӣ бо тамоми талош саъйи худро анҷом медиҳанд. Барои пешрафту тараққиёт ва ободии давлату милат, ҳамеша пеш аз ҳама роҳи ваҳдату сулҳро гирифтан зарур аст. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мустаҳкам намудани пояҳои давлатдориву ҳифзи арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ заминаи устувору умедбахш ниҳод.

Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми ин солҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти хоҷагии халқ ба дастовардҳои назаррас мушарраф гардид. Бунёди ҷомеаи пешрафта ва давлати аз лиҳози сиёсиву иқтисодӣ устувор мароми ҳар кишвар буда, он дар сурати ҳукмфармо будани сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ, амнияти ҷомеа, тарҳрезӣ ва амалӣ намудани корҳои бузурги созандагиву ободкорӣ имконпазир аст. Дар ин муддат пояҳои давлатдории миллӣ таҳким ёфта, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати ташаббускор ва соҳибистиқлол муаррифӣ шуд. Агар дар мамлакат сулҳу субот хукмфармо бошад, ҳамаи масъалаву мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ тадриҷан ҳалли худро меёбанд ва танҳо дар ҳамин сурат барои бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дастёб мегардем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд, ки мардуми тоҷик қадру қиммати сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ ва зарурату аҳамияти ҳимояи онро хеле хуб дарк кардаанд, зеро то ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ мардуми тоҷик азобу шиканҷаи зиёдеро паси сар кардааст. Бо талошҳои пайваста ва ҷоннисориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи тоҷик муяссар шуд, ки ба бастани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ноил гардад. Баъди ин рӯйдод дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии мамлакат марҳалаи нав оғоз гардид.

23 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҳамоиши Оянда иштирок ва суханронӣ намуда, таъкид доштанд, ки “ин нишаст барои баррасии мушкилоти тағйирёбии иқлим, рафъи камбизоатӣ, ҳифзи сиҳатии омма, вазъи зиндагии занон, таҳсилоти фарогир ва дигар масъалаҳои глобалӣ боз як имконияти муносибро фароҳам овардааст”.

Дар Ҳамоиши оянда Пешвои миллат таъкид намуданд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад танҳо тавассути муколама ва ҳамкории созанда дар пайдо кардани роҳҳои рафъи хатарҳои муосир комёб гардад.

Гуфта шуд, ки кишварҳои олам бояд аз иқдомҳои муассир барои тақвияти нақши асосии Созмони Милали Муттаҳид дар ҳалли низоъҳо ва барқарорсозии сулҳу субот дар сайёра кор бигиранд.

Дар робита ба ин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” қабул карда шавад.

Бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар Тоҷикистон бо қадамҳои устувор меравад, далели равшану возеҳи тантанаи сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмии халқи азизамон мебошад.

Имрӯз бо баракати сулҳу субот, сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба як кишвари зебои замонавӣ табдил ёфт. Сокинони мамлакат шукри онро мекунанд, ки тавассути сиёсати сулҳдӯстона, инсондӯстона, созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллат ба ин рӯзҳои нек расиданд. Ҳамма он суханони ғаразноку аблаҳонае, ки имрӯзҳо дар саҳифаҳои иҷтимоӣ аз тарафи он душманони миллат, хоинони миллат ва он нафароне, ки солҳои навадуми асри гузашта Тоҷикистони моро садсолаҳо ба қафо бурданд, маҳкум менамоянд. Мо ҳамчун ҷавонони зираки ватан итминони комил дорем, ки он суханони аблаҳонаву бардуруғи ин гурӯҳони терористу экстремистро бовар ва пайгирӣ намекунем.

Ҳифзи Истиқлоли давлатӣ рамзи ватандӯстӣ ва ватандории ҳақиқӣ ва воқеии ҳар як шаҳрванд аст, вазифаи ҳар як фарди ин миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта ва минбаъд низ ин бозёфти таърихӣ, ин атои худовандӣ, ин ҷараёни худогоҳӣ ва худшиносии миллатро пайгирӣ менамояд ва пешрафту ободонии ин диёри куҳанбунёди худ саҳми шоиста ва арзандаи хешро мегузорад.

Ҳомидҷонова Дурахшон Содиқҷоновна – муаллими кафедраи

тарҷума ва грамматикаи забони англисӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ