ЭЪЛОН: 551 ҶОЙИ ХОЛӢ ДАР 5 КЛАСТЕР БАРОИ ДОВТАЛАБОНИ ДОНИШГОҲИ МО ПЕШНИҲОД МЕГАРДАД!
Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров" дар асоси эълони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи довталабон мерасонад, ки дар асоси ҷойҳои холимонда аз санаи 22 то 24-уми августи соли 2026 давраи азнавбақайдгирии такрории иловагӣ баргузор мегардад.

Хотиррасон мекунем, ки мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тақсимоти такрории иловагӣ шахсони зерин ҳуқуқи иштирок карданро доранд:
- довталабоне, ки дар тақсимоти асосӣ ва такрорӣ дар асоси балҳои умумии бадастовардаашон аз рӯйи ҳеҷ яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон нагузаштаанд;
- довталабоне, ки дар тақсимоти асосӣ ва такрорӣ ба ихтисосҳои самти тиб гузаштаанд, вале бинобар гирифториашон ба бемориҳое, ки шахсони ба онҳо мубталогашта ҳуқуқи таҳсил карданро дар муассисаҳои таълимии тиббӣ надоранд, ба ин муассисаҳои таълимӣ қабул нашудаанд.
Маълумоти муфассал дар сомонаи ММТ: www.ntc.tj
МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” - интихоби беҳтарин!
Маркази иттилоот