ЭЪЛОН: 389 ҶОЙИ ХОЛӢ ДАР 5 КЛАСТЕР БАРОИ ДОВТАЛАБОНИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХУҶАНД БА НОМИ АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ
Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров" дар асоси эълони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи довталабон мерасонад, ки дар асоси ҷойҳои холимонда аз санаи 29-уми август то 10-уми сентябри соли 2026 давраи сеюми бақайдгирии довталабон доир мешавад.

Дар ин давра шахсони зерин худро номнавис карда метавонанд:
- шахсоне, ки дар давраҳои якум ва дуюми бақайдгирӣ худро номнавис накардаанд;
- довталабони дар давраҳои якум ва дуюми бақайдгирӣ номнависшудае, ки дар имтиҳонҳо (даврҳои якум ва дуюм) иштирок накардаанд;
- довталабони дар даврҳои якум ва дуюми имтиҳонҳо иштироккардае, ки ба озмуни тақсимот роҳ наёфтаанд, яъне аз як ё якчанд субтест ба холи гузариш соҳиб нашудаанд;
- довталабони дар асоси яке аз озмунҳо – тақсимоти асосӣ, такрорӣ ва такрории иловагӣ комёбшудае, ки барои қабул дар муассисаҳои таълимии дахлдор ҳозир нашудаанд;
- довталабоне, ки дар яке аз озмунҳо – тақсимоти асосӣ, такрорӣ ва такрории иловагӣ аз рӯйи ихтисосҳои самти тиб гузаштаанду вале бинобар гирифториашон ба бемориҳое, ки шахсони ба онҳо мубталогашта ҳуқуқи таҳсил карданро дар муассисаҳои таълимии тиббӣ надоранд, ба ин муассисаҳои таълимӣ қабул нашудаанд.
Хотиррасон мекунем, ки агар довталаби дар ин давра номнависшуда хоҳиши иваз кардани интихобҳои аввалаашро дошта бошад, метавонад ин корро анҷом диҳад. Барои азнавбақайдгирӣ довталаб бояд ба нуқтаи бақайдгирие, ки дар он худро сабти ном кардааст, муроҷиат кунад.

Маълумоти муфассал дар сомонаи ММТ: www.ntc.tj
МАРҲАБО БА МДТ “ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХУҶАНД БА НОМИ АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ”