ЭЪЛОН: 127 ҶОЙҲОИ ХОЛӢ ДАР 5 КЛАСТЕР БАРОИ ДОВТАЛАБОН ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХУҶАНД ПЕШНИҲОД МЕГАРДАД!
Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” дар асоси эълони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шахсони хоҳишманди таҳсил дар гурӯҳҳои ғоибона ва фосилавии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2026, аз 2-юми ноябр оғоз гардида, то 20-уми ноябр идома меёбад.

Маълумоти муфассал дар сомони ММТ: www.ntc.tj
МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”-интихоби беҳтарин!