Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо...
Имрӯзҳо вазъи ҷаҳонӣ ноором мебошад. Дар замони зудтағйирёбандаи равандҳои сиёсии минтақавиву ҷаҳонӣ миллату давлатҳои ҷаҳонро мебояд, ки бо дарназардошти эҳтиром ба арзишҳои милливу давлатӣ ҳамҷоя рушду такомул ёбанд. Раванди ҷаҳонишавӣ бевосита ба ҳар як соҳаҳои ҳаёти давлату ҷомеа таъсиргузор аст. Имрўз ягон давлат дар танҳогӣ рушду нумўъ намекунад ва дар ягонагӣ аз ҳалли проблемаҳои минтақаву ҷаҳон намебарояд. Бояд тазаккур дод, ки дар ҷаҳони модернӣ аз ҳама арзишмандтарин неъмат барои халқу миллату давлатҳо сулҳу амният, тинҷиву оромӣ ва ваҳдату ягонагӣ маҳсуб мегардад ва он мудом боқӣ хоҳад монд. Зеро ки амнияту оромӣ ва суботи сиёсӣ дар кишвар неъмати бебаҳост, аммо бархе аз ашхос ва кишварҳо ин гуна неъматро дар вақташ қадр намекунанд ва ҳатто талошҳое доранд, ки ба сарсабзиҳову оромиши мардум хок пошанд.
Дар ин радиф таъкид менамоем, ки дар марзи давлатҳои ҳамҷавори Тоҷикистону Қирғизистон чанд вақт мешавад, ки муноқишаҳову нофаҳмиҳо сар мезананд. Ҳатто ин нофаҳмиҳо то ба хунрезиву қасди ҷони ҳамдигар оварда расонид, ки албатта ин амалҳо оқибати хуб надоранд. Пайомади ин гуна нофаҳмиву задухӯрдҳоро соли сипаришуда бо чашми басир мушоҳида намудем. Бояд гуфт, ки сабаби ин баҳсу мунозираҳо муайян набудан ва аломатгузорӣ нашудани марз байни ин ду кишвари ҳамсоя маҳсуб мегардад. Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр сарҳад доранд, ки то ҳол танҳо 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Роҳҳалли масъалаи марзи давлатиро ҷониби Душанбе ба харитаи солҳои 20-ум рабт диҳад, тарафи Бишкек бошад ба харитаи солҳои 80-уми қарни гузашта алоқаманд медонад. Барои ҳалли масъалаи мазкур аз ду ҷониб комиссияҳои махсуси ҳукуматӣ ташкил карда шудааст, ки масъалаҳои делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро бо тариқи гуфтушунид ва музокирот бо дарназардошти манофеи тарафайн ҳаллу фасл намоянд.
Ба назар мерасад, ки ҷониби Бишкек бо баъзе аз кирдорҳои хеш ба ҳусни ҳамҷавории ду кишвар халал ворид намуда, вазъи сиёсӣ-иҷтимоии минтақаро муташанниҷ карданист. Бо ин амалкарди худ қирғизҳо аҳдофи муғризонаи “хоҷагони хориҷӣ”-ашонро бо дилу ҷон ба амал бароварданист. Хариди мошинаҳои зиреҳпӯши ҷангии ба ном “Тигр” ва ба сарҳади Тоҷикистон, хоса вилояти Ботканд сафарбар намудани онҳо далел аз низоъхоҳии онҳост.
Тоҷикон аз қадимулайём мардумони илмиву маданӣ, фарҳангдӯсту китобхон, тамаддунсозу неккирдор ва косибу ҳунарманд, давлатдору давлатсоз буданд. Ба ин гуфтаҳо, таърихи ғановатманду пурифтихори тоҷикон далел хоҳад шуд. Агар таърихро варақ занем тоҷикон боре ҳам ба ягон қаламрави ҳамсоядавлатҳо чашм ало накардааст ва ҳамеша хоҳони сулҳ, оромӣ, ҳамкорӣ, ҳамгироӣ, якдиливу ҳамбастагӣ буд, ҳаст ва хоҳад монд. Аз таърих аён аст, ки миллати тоҷик пас аз суқути давлатдории тоҷикон – Сомониён ба сарсахтиҳову санҷишҳои вазнини таърихӣ, ки Туркҳои Қарахонӣ, Маҳмуди Ғазнавӣ, Чингизиёни малъун, Темури ланг, Шайбонии кӯчманчӣ, Аштархониён, Манғитиёни манфур ва Пантуркистони лаин бар сари ин миллати озодихоҳу тамаддунофар ба бор оварданд, тоб оварда то ба истиқлолияти давлатдории навини хештан расиданд. Гарчанде ки тоҷикон дар ин масири таърихӣ ба душвориҳои бениҳоят тоқатнопазир рӯ ба рӯ шуданд, фарзандони ғаюру ҷасур, донову заковатманди худро аз даст доданд, баъзе қаламравҳои тоҷикон ба мулки бегона гузаштанд, аммо забони миллат, фарҳангу адабиёт ва ғурури миллиро ҳаргиз ба гӯшаи фаромӯши наниҳоданд. Тоҷикон имрӯз соҳиби давлатдории миллӣ ҳастанд ва аз он доимо ифтихор доранд. Дар замони муосир низ душманони миллат ҳамин гуна давлати рушдёфтаистодаро дидан намехоҳанд, ё бубинанд ҳам бо дидаи ғараз менигаранд. Бояд донанд, ки дар рагҳои хунгарди мо - тоҷикон хуни Спитамену Деваштич, Муқаннаву Темурмалик, Салмону Нӯъмон ибни Собит, Рӯдакиву Сино, Балъамиву Низомулмулк, Сомонхудоту Исмоили Сомонӣ, Саъдиву Ҳофиз, Беруниву Форобӣ, Розӣ, Ҷалолиддини Балхиву Хайём, Камолу Ҷомӣ, Ҳамадониву Носири Хисрав, Восифиву Ҳилолӣ, Сайидову Бедил, Аҳмади Дониш, Шоҳину Ҳайрат, Туғралу Айнӣ, Махсуму Шоҳтемур, Бобоҷон Ғафурову Мирзо Турсунзода, Лоиқ Шералӣ, Эмомалӣ Раҳмон ва дигар бузургони миллат ҳаракат дорад ва ҳеҷ гоҳ сард нахоҳад шуд. Барои ҳамин ҳам, қабл аз қабули қарори сиёсӣ бояд хуб ва дурандешона фикр кард. Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сиёсати “дарҳои боз” бо ҳама давлатҳои минтақаву ҷаҳон, ки хоҳиши ҳамкории беғаразона доранд робитаи судманди тарафайн ва муносибати хуби дипломатӣ барқарор кардан дорад.
Ногуфта намонад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистону Қирғизистон аз аввал давлатҳои бо ҳам дўсту бародар ва ҳамсояи қарин буданд, аммо роҳбарияти феълии ҷониби Қирғизистон имрӯзҳо бо ҳар гуна баҳонаву даъво теша ба решаи чунин робитаҳои дӯстона мезананд. Албатта, муноқишаҳое, ки дар марз сар зада истодаанд сабаби сард гаштани муносибатҳои тарафайн гаштанашон имконпазир аст. Муносибатҳои сардгаштаи ду ҳамсоя мустақиман ба тамоми самтҳои ҳаётан муҳими хоҷагии халқи ду кишвар таъсиргузор хоҳад шуд.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар пайи муноқишаҳои охир дар марз байни Тоҷикистону Қирғизистон музокироти ҳайатҳои расмии ҳукуматҳои ду кишвар баргузор гашт ва ин раванд идома дорад. Яке аз мавзуъҳои марказии музокирот ҳалли низоъ ва ба эътидол овардани вазъ дар қитъаҳои баҳсӣ ба шумор мерафт. Ҳамчунин тарафҳо доир ба тақвияти дўстӣ, ҳамсоядории хуб, эътимод ба якдигар ва ҳалли сулҳомези ҳамагуна якдигарнофаҳмӣ таъкидона ибрози андеша карданд. Ҳайатҳои расмии ҳар ду ҷониб хостанд, ки корҳо дар самти таъин ва аломатгузории хати марзи давлатӣ тақвият дода шавад. Албатта, ҳама гуна низоъ ва мушкилоти ҷомеаро бояд бо роҳи дипломатӣ ва ба манфиати ҳар ду ҷониб ҳал кард, зеро ҷанҷол, муноқиша ва задухўрд роҳи ҳал набуд, нест ва нахоҳад шуд. Ҷониби Бишкекро зарур аст, ки ба вазъи сиёсӣ-иҷтимоии минтақа дуруст баҳо диҳад. Зеро дар раванди зудтағйирёбандаи замони муосир ҳар як нофаҳмӣ агар дар вақташ ҳалли худро наёбад, ба сарчашмаи калони низоъ дар минтақа оварданаш имконпазир мебошад ва ин чиз зидди манофеи тарафайни ду кишвар буда, паёмадҳои нохушро думболагирӣ хоҳад кард, ки таҷрибаи амалиашро мо дар давлатҳои Миср, Сурия, Ироқ, Тунис, Лубнон, Афғонистон ва Украина дидем.
Дар ин росто, тарафи Бишкек суханҳои бузурги шоири ширинкаломи тоҷик Мирзо Турсунзодаро дуруст дарк намояд ва дигар бо иддаоҳои беасос ва ба амалкардҳои тахрибкоронаи баъзе аз аҳолии хеш воқеъбинона назар намояд, зеро кина, адоват ва хусумат оқибати хуб надорад:
Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт...
Боз ҳам исроркорона таъкид менамоем, ки ҳангоми ҳалли масъалаҳои марзӣ бояд аз роҳҳои созанда кор гирифт, зеро ки мардуми тоҷику қирғиз бо ҳам дўсту бародар ҳастанд ва рафтуомад доранд, аммо мутаассифона баъзан чунин ҳодисаҳо рух медиҳанд ва иллати нигаронии ҷонибҳо мешаванд. Мо тоҷикон ҳамеша ҷӯёи дӯстӣ, оини бародарӣ, якдилӣ ва ҳамбастагӣ будем, ҳастем ва дар оянда низ чунин хоҳем монд. Мо дигар хатои таърихиро такрор нахоҳем кард!!!
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як иддао ва даъвову амалкардҳои ҷониби Қирғизистонро як сӯ намегузорад, дар ин масъала мавқеи Тоҷикистон устувор аст ва доимо талош меварзад, ки масъала бо роҳи гуфтушуниду якдигарфаҳмӣ ва хоса ба манфиати тарафайн дар ояндаи наздик ҳалли худро ёбад.
Юсуфзода Ғайрат – устоди кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров