Дин ва сиёсат - масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳият ва аҳамияти озодии виҷдонро ба назар гирифта, дар моддаи 26 онро аз ҷиҳатиҳуқуқ конунӣ кардааст: «Ҳар кас, - қайд шудааст дар Конститутсия, -ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд».

Масъалаи озодии виҷдон имрўз ба яке аз масъалаҳоимуҳими ҳуқуқиюахлоқиибайналхалқӣ табдил ёфтааст, ки оиди ин масъалаи муҳим Созмони Миллали Муттаҳид 10 декабри соли 1948 Эъломияи умумии ҳуқуқибашарро қабул кард, ки дар моддаи 18- уми он чунин навишта шудааст: «Ҳар инсон ба озодии фикр, виҷдон ва дин ҳақ дорад. Ҳамчунин инҳукуқ озодии тағйири дин ё эътиқод, ба таври алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон пайравӣ кардан аз дини худ, омўзиши расмӣ (умумӣ) ва ё хусусӣ, худопарастӣ ва иҷрои маросимҳоимазҳабиву хосро дар бар мегирад».

Дар раванди инкишофи муносибатҳои сиёсӣ мақоми ташкилотҳо васозмонҳоибайналхалқӣ хеле калон буда, ҳоло ташкилотҳои байналхалқӣ имконияти фаровон доранд, ки бо аъзоёнашон вохўриҳо гузаронанд ва нуқтаи назари хешро баён намоянд. Махсусан дар ин раванд нақши Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) хеле назаррас мебошад. Бе сабаб нест, ки дар давраи ҷанги сард СММ-ро «саҳнаи муборизаҳо» байни Шарқ ва Ғарб меномиданд. Маҳз намояндагони мамлакатҳои гуногун ба воситаи СММ ва ташкилотҳои махсусгардонидаи он ба мардуми ҷомеаи ҷаҳонӣ нуқтаи назари худро дар бораи масъалаҳои муҳимтарини сиёсию иқтисодии ҷаҳон баён мекарданд.

Мақсади асосии Созмони Миллали Муттаҳид ин таъмин намудани сулҳи байналхалқӣ ва ҳамкории байни давлатҳо мебошад. Барои амалӣ шудани ин мақсадҳо СММ ҳамаи чораҳоро мебинад, ки ба халқҳои тамоми ҷаҳон хавфи ҷанг таҳдид накунад, амалҳои аҳдшиканона ба сари давлатҳо амалӣ нагарданд. Масъалаҳои баҳснок бо роҳи осоишта ҳал карда шаванд, ҳуқуқ ва озодиҳои одамон поймол карда нашаванд, байни давлатҳо муносибатҳои дўстона инкишоф ёбад.

Масъалаи дин ва сиёсат имрўз яке аз масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ ба шумор меравад. Чунки бисёр ақидаҳо арзишҳо, нишондодҳо дар ҷомеа ба дин тааллуқ доранд ва маданияти сиёсии миллатҳо, халқҳо ва мамалакатҳои гуногун низ аз арзишҳои динӣ сарчашмаи маънавӣ гирифтаанд. Ин равандро бо он асоснок карда метавонем, ки дин як қисми шуури ҷамъиятӣ ва анъанаҳои динии миллатҳою халқҳо ба шумор рафта, дар инкишофи маданияти маънавӣ бениҳоят нақши калон бозидааст.

Дин ҳамчун шакли махсуси шуури ҷамъиятӣ аз давраҳои пайдо шудани аввалин давлатҳо характери сиёсӣ гирифт, чунки дар давраҳои аввал ҳокимияти давлатиро маҳз дин мадҳу сано мекард ва пайдошавии онро ба дин вобаста менамуданд. Тезис дар бораи он, ки ҳокимияти давлатӣ дар дасти Худо ҳаст, яке аз аслиҳаҳои муҳими идеалогияи сиёсии мамлакатҳои Шарқи Қадим буд.

Имрўз дар аксари мамлакатҳои Ғарбу Шарқ дин дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, мактабу маориф нақши хеле калон дорад. Дар кишварҳои насронӣ аҳзоби сиёсии динӣ хеле фаъолона дар ҳаёти сиёсӣ амал мекунанд. Масалан, дар Италия хизби Христианӣ- Демократӣ, дар Олмон Иттиҳоди Христианӣ- демократӣ, Иттиҳоди Христианӣ - Сотсиалистӣ ва дар Австрия ҳизби Халқӣ фаъолона амал мекунанд. Аҳзоби сиёсии насронӣ аз хама бештар дар Аврупои Ѓарбӣ нуфузи калон доранд. Дар 17 давлати Аврупо зиёда аз 20 аҳзоби сиёсии мазҳабӣ - христианӣ амал мекунанд. Чунин ҳизбҳо дар бисёр давлатҳои Амрикои Лотинӣ ва Африқову Осиё низ хеле зиёданд.

Ҳар як шахс бояд дар зиндагии худ дар ватани худ барои осоиштагии худ тадбирҳо ҷўяд ва ин тадбирҳоро на аз дигарон ёбаду ба онҳо такя кунад. Ҳар яки мардуми шарифи Тоҷикистон мусалмон аст, ҳамаи мардум дар бораи чӣ будани дини ислом, гуноҳу савоб, неку бадро хуб медонанд. Ҳарчанд давлат сохти демократӣ, ҳукуқбунёд, дунявӣ бошад ҳам, мардуми тоҷик аз рукну одатҳое, ки доранд ҳаргиз дур намешаванд.

Иштирокчиёни ин конфронс бояд айби дўстони худро гўянд дар ҳузури бародарони худ ва аз онҳо дур созанд бадиҳоро. Мо умедворем, ки хамаи кишварҳои ҳамсоягон аз пайдоиши дини ислом дўсту ҳамфарҳанг буданд, боз дўстию рафоқати худро гум накунанд ва барои пешравии ин ду кишвар ҳеҷ чиз монеъа нашавад.

Нақши шахс дар таърих аз мавзӯъҳои басо ҷолиб ва мураккаби илми ҷомеашиносист. Таърих гувоҳ аст, ки таҳаввули бунёдӣ дар ҳаёти сиёсӣ, андешаи миллӣ, фарҳанги зиндагӣ ва шуури иҷтимоии ҷомеа бо кору пайкори шахсиятҳои барҷаста, шахсиятҳое, ки дар фазилату иродаи сиёсӣ, маънавӣ ва ахлоқии худ ормонҳои таърихии мардумро таҷассум кардаанд. Рӯшан аст, ки на ҳама сарварони давлат дар таърих ҳамчун пешвои миллат ворид шудаанд. Ин аст, ки пешвои миллати мо соҳиби сифатҳои инсонианд: камолоти ҷисмонӣ, борикбинию дурандешӣ, зиракии табиӣ, ақл ва хотираи солиму мустаҳкам, бофаросат, хушбаён ва тозабаёни андешаҳо, маърифатнокӣ, муҳаббат ба ҳақиқат, нафрат ба дурӯғ ва дурғгӯён, қадри шарафу номус, нияти нек ва ҳимматбаландӣ, адолатнокӣ, дар зарурият бо қатъият рафтор намудан, дар ҳама ҳолат ҷасуриро аз даст надодан ин фазилатҳои мардии пешвои даврони худро мо дида истодааем.

Пешвои миллат ҳамчун кафили адолат, қонуният ва тартибот бо ҳифзи амнияти шаҳрвандон, қонуншиканиҳо, ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, фазои муносиби эҷоди қонун ва риояти онро устувор намудан аст. Миллати тоҷик дар марҳилаи басо ҳассоси таърих симои пешвои худро дар шахсияте дид, ки ӯ аз қалби мардум бархост ва бо садоқати беназир ба халқ ва ба ин марзу бум дар замони бениҳоят мураккаби гузариш рисолати пурмасъулиятро ба дӯш гирифтааст. Аз ин лиҳоз, ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Асосгузори ваҳдати миллӣ ва пешвои миллат» ба тавсиб расид. Аз ин лиҳоз аз ҲНИ мо зиёиёни кишвар ҳамчоя илтиxо дорем, ки ба фаъолияти давлате, ки манфиатҳои худро баҳри ободии халr, дар сулҳу салоҳ зиндагӣ доштан, равона карда истодааст халалдор нашаванд. Мардуми кишвари Тоҷикистон боз аз нав сохтро дигар кардан намехоҳад, чунки дар азнавбунёдкунӣ боз табаддулот мехоҳад. Дар ин xода боз мардуми азияткашида дар азоб мемонад. Боз xангу xидол, кашкашаю бар манфиат кор кардани ашхосе ба хеx кас лозим нест. Аз ин сабаб ба кулли мардумоне, ки ин ҳизбро дастгирӣ мекунанд аввал аз ёди мардум кунед, то ба коре даст задан!

Кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ