​ДДХ: Оғози Спартакиадаи XXX “Саломатӣ” байни устодону кормандон

Санаи 18-уми январи соли 2022 дар толори варзишии факултети тарбияи ҷисмонӣ маросими кушодашавии XXX Спартакиадаи «Саломатӣ»-иМДТ «Донишгохи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» байни ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандон бахшидаба 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ,30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90-солагии донишгоҳ оғоз гардид.

Дар маросими кушодашавӣ муовини ректор оид ба тарбия, мудирони шуъбаҳои тарбия ва кор бо ҷавонон, деканҳои факултетҳо ва ҳайати устодону профессорон ширкат намуданд.

Қайд гардид, ки Спартакиада бомақсадитарғиби тарзи ҳаёти солим, оммави гардонии варзиш миёни ҷомеа, бахусус устодон, интихоб намудани тими донишгоҳ баҳри иштирок дар Спартакиадаҳо ва мусобиқаҳои варзишии шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ байни муассисаҳои таълимии олӣ ва миёнаи касбӣ ташкил шудааст.

Спартакиада азрӯи намудҳои баскетбол, шоҳмот, шашка, теннисирӯи мизӣ, дартс давоми моҳи январ роҳандозӣ гардида, 18 даста аз раёсати донишгоҳ, кафедраҳои умумидонишгоҳӣ ва факултетҳо байни ҳам қувваозмоӣ менамоянд.

Дар фарҷом ғолибони Спартакида бо сипосномаву ифтихорнома ва дигар туҳфаҳои раёсати донишгоҳ қадр карда мешаванд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ