​ДДХ: МУАРРИФИИ ДАСТОВАРДҲО ВА ИМКОНИЯТҲОИ ТАҲСИЛ ДАР ФЕСТИВАЛ -НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Имрӯз, дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ бо иштироки васеи довталабони вилояти Суғд дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Дар қатори дигар донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ ва дохилӣ Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» низ иштироки фаъолона дошта, дастовардҳо ва имкониятҳои таҳсили худро ба таври васеъ муаррифӣ намуд.

Дар намоиш маълумот дар бораи ихтисосҳо, барномаҳои таълимӣ, имкониятҳои таҳсил, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва дастовардҳои ҳамаи самтҳои фаъолияти Донишгоҳ ба меҳмонон, довталабон ва иштирокчиён пешниҳод гардид. Намояндагони Донишгоҳ ба саволҳои довталабон посух дода, онҳоро бо шароити таҳсил ва ҳаёти донишҷӯӣ аз наздик шинос намуданд.

Иштироки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар чунин чорабинии сатҳи байналмилалӣ на танҳо муаррифии имкониятҳои он, балки боз як қадами устувор дар роҳи таҳкими нуфузи илмӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ба шумор меравад.

Фестивал бо ҷалби зиёди ҷавонон баргузор гардида, барои онҳо имконияти воқеӣ фароҳам овард, то бо интихоби дурусти роҳи таҳсил ояндаи худро муайян намоянд.

Маркази иттилоот ва студияи «Фурӯғ»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ