ДДХ: ИШТИРОК ДАР «РӮЗИ ИТТИЛОТИИ ERASMUS+ ДАР ТОҶИКИСТОН»

Ҳафтаи сипаришуда дар шаҳри Душанбе чорабинии муҳими «Рӯзи иттилоотии ERASMUS+ дар Тоҷикистон» баргузор гардид. Ин ҳамоиш дар доираи Барномаи Иттиҳоди Аврупо бо мақсади муаррифии имкониятҳои таҳсил, ҳамкориҳои академӣ ва татбиқи лоиҳаҳои байналмилалӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ташкил карда шуд.

Дар чорабинӣ муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Эҳсонзода Малоҳат ва сармутахассиси шуъба Зокирзода Ҷамшед иштирок намуда, фаъолияти Донишгоҳ, дастовардҳо ва татбиқи лоиҳаҳои байналмилалиро муаррифӣ карданд.

Пеш аз оғози қисми расмии чорабинӣ намоиши дастовардҳои донишгоҳҳои Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳо бо Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки Донишгоҳ дар татбиқи зиёда аз 25 лоиҳаи байналмилалии Иттиҳоди Аврупо саҳмгузор мебошад, ки ин нишондиҳанда дар миқёси ҷумҳурӣ бесобиқа маҳсуб меёбад. Дар ҷараёни намоиш иштирокчиён бо механизмҳои татбиқ, натиҷаҳои амалӣ ва таҷрибаи бадастомадаи лоиҳаҳо шинос шуданд.

Дар ҳамоиш намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, Дафтари миллии ERASMUS+, намояндаи Бюрои лоиҳавии Иттиҳоди Аврупо тариқи маҷозӣ, инчунин намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва донишҷӯён иштирок ва суханронӣ намуданд. Ҳамзамон, қоидаҳои нави иштирок дар лоиҳаҳо ва имкониятҳои маблағгузории давраи нави барномаи ERASMUS+ муаррифӣ гардиданд.

Дар рафти чорабинӣ ба се афзалияти муҳимми минтақавӣ — сиёсати сабз, рақамикунонӣ ва рушди инсонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид, ки онҳо ҳангоми таҳияи лоиҳаҳои байналмилалӣ аҳаммияти калидӣ доранд.

Чорабинӣ барои мубодилаи афкор, таҳкими ҳамкориҳо ва таҳияи лоиҳаҳои нави байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ