​ДДХ: Дастовардҳо дар доираи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” натиҷагирӣ гардид

Субҳи 23 декабри соли 2021 бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ ба муносибати ҷамъбасти солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, ки бо мақсади рушди соҳаҳои афзалиятноки давлат аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём эълон гардида буд, аз фаъолияти равандҳои донишгоҳ давоми сесолаи мазкур ва муаррифии дастовардҳои ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ натиҷагирӣ гардид.

Ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷӯразода чорабиниро ифтитоҳ бахшида, меҳмононро хайрамақдам гуфт. Мавсуф зикр, ки таъсиси кафедраву ихтисосҳои нав дар соҳаи сайёҳӣ, гербарияи ботаникӣ, галереяи “Монӣ”, лабораторияҳои гуногуни таълимӣ, ташкили шўроҳои диссертатсионӣ вобаста ба соҳаи туризм ва ҳунарҳои мардумӣ, нашри 42 номгӯи китоб, рисолаҳои илмиву таълимӣ, таъсиси маҳфилҳоитарбиявию омӯзишӣ ва касбу ҳунаромӯзии - “Сеҳри сӯзан”, “Гулчини ҳунар” ва таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ аз ҷумлаи ҳамин ибтикороти ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ аст, ки бо мақсади мусоидат ва пешрафти соҳаҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ шуданд. Профессор Ҷамшед Ҷӯразода ҳамчунин зимни суханронӣ афзуд, ки баргузории як қатор конференсия-ҳои илмиву оммавии гуногунсатҳ, аз ҷумла таҳти унвонҳои “Саразм – муаррифгари тамаддуни бостонӣ”, “Ҳунар, фарҳанг ва сайёҳӣ – муаррифгари чеҳраи миллат”, ғолибияти устодону донишҷӯён дар озмунҳои вилоятиву ҷумҳуриявии “Мақолаи беҳтарин дар бахши сайёҳӣ”, “Беҳтарин бизнес-план дар соҳаи сайёҳӣ”, «Асари беҳтарин дар мавзӯи экология», ташкили экспе-дитсияҳои сайёҳӣ, дар маҷмуъ 3500 адад чорабинии мухталиф, ки маҳз дар доираи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ба роҳ монда шуданд.

Сипас, Абдумаҷид Раҳимов - мудири шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд роҷеъ ба дастовардҳои соҳа дар қаламрави вилоят давоми се соли ахир ибрози назар намуда, қайд дошт, ки натиҷаи чунин тадбирҳо давоми солҳои 2019-2021 дар вилоят 19 боғи фарҳангиву фароғатӣ, 47 гулгашт, 495 маркази савдо, 660 марказҳои хизматрасонӣ, 40 меҳмонхона мавриди истифода қарор гирифт, ки ҷиҳати ҷалби сайёҳони хориҷӣ заминаи арзишманд гузоштанд. Давоми чор соли охир шумораи сайёҳон ба вилояти Суғд 3,7 маротиба афзоиш ёфт, ки натиҷаи чунин тадбирҳои муфиданд. Тайи солҳои 2019 – 2021 дар вилоят 21 ширкати нав иҷозатномаи фаъолият гирифта, дар ин муддат, дар маҷмӯъ 40 ширкат ба бозори сайёҳӣ ворид гардид, ки нисбат ба соли 2018-ум 2 баробар зиёд шуд. Дар натиҷа, шумораи хатсайрҳои сайёҳӣ (тур пакет) наздик ба 200 адад расонида шуданд. Номбурда зикрр дошт, ки ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” нақши муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ назаррас аст. Дар ин замина, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҳамчун маркази бонуфузи таҳсилоти олии касбӣ ҷиҳати таъмини рушди соҳаҳои болозикр силсилаи ибтикороти самарабахшро амалӣ намуд, ки шоистаи таъкид аст.

Исмоилзода Зуфар - Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ба сухан баромада, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва таҳкими нуфузи анвои гуногуни онро натиҷаи назарраси иқдоми муфид – “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” унвон карда, қақд намуд, ки ин тадбири хирадгароёнани Пешвои миллат ба некӯаҳволии халқ, таъмини зиндагии шоистаи мардум ва муаррифии шоистаи Тоҷикистон ба ҷаҳониён нақши муассир ва мондагор гузошт.

Инчунин, филми ҳисоботии ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров манзури иштирокчиёни чорабинӣ гардонида шуд. Дар филм дастоварҳои устодону донишҷӯёни 18 факултети донишгоҳ намоиш дода шуд.

Барномаи фарҳангӣ пешкаш гардида, ба руҳияи идонаву болидаи аҳли иштирокдорон ҳусни анҷом пазируфт.



Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ