​Даври донишгоҳии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”

Дар факултети филологгияи тоҷик даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ташкил ва баргузор карда шуд. Дар озмуни мазкур 94 нафар донишҷӯ, магистрант, докторант ва устод аз рӯи чор номинатсия иштирок намуданд.

Дар қисмати ифтитоҳӣ муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Сабурӣ Хайрулло Мирзозодасуханронӣ намуда, иштирокчиёнро бо низоманомаи озмун шинос намуданд.

Сипас, кори озмун дар бахшҳои алоҳида сурат гирифта, профессорон Матлубаи Мирзоюнус, Замира Ӯлмасзода, номзадони илм Шарифҷон Тоҷибоев, Субҳон Аъзамов, Мавҷуда Ӯрунова, Мутриба Мавлонова, АбдуфаттоҳҲоҷиев, Фирӯза Қаюмова, СурайёҲакимова ва Сорбон Азизов ҷараёни баргузории озмунро доварӣ намуданд. Дар натиҷа 34 нафар ба даври шаҳрии озмун роҳхат гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки озмунимазкур тӯли панҷ сол аст, ки бо амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои ҷадиди сухандону суханвар ва рушди ҷаҳони маънавии тамоми сокинони кишвар дар сарораси кишвар роҳандозӣ шудаистодааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ