ДАВРИ ЯКУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ШОҲНОМАХОНӢ» ДАР ДОНИШГОҲ БАРГУЗОР ГАРДИД
Бо мақсади татбиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳ даври якуми озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид.
Арҷгузорӣ ба хизматҳои шоири классики тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ ва омӯзиши осору таърихи пурғановату пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллат дар тули таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими ҳофизаи аҳолӣ аз ҳадафҳои асосии озмун ба ҳисоб меравад.
Ҳайати ҳакамони озмун аз ҳисоби мутахассисони варзидаи Донишгоҳ – докторони илмҳои филологӣ, профессорон Нуралӣ Нурзод, Замирахон Ӯлмасзода, Мавҷуда Ӯрунова ва номзадҳои илмҳои филологӣ Шарифҷон Тоҷибоев ва Абдуфаттоҳ Ҳоҷиев интихоб гардиданд.
Дар даври якум 27 нафар аз ҳисоби донишҷӯён, магистрантон ва омӯзгорони донишгоҳ иштирок намуда, сатҳи дониш ва маҳорати онҳо аз рӯйи як қатор меъёрҳо, аз ҷумла таҳияи дафтари довталаб, дурусту беғалат будани матн, қобилияти шарҳу тавзеҳи ашъори азёдкардашуда, донистани зиндагиномаи Абулқосим Фирдавсӣ, қироати ифоданок, захираи луғавӣ, азёд намудани байтҳо дар мавзуъҳои ахлоқию ватандӯстӣ, инчунин донистани на камтар аз 70 қаҳрамони «Шоҳнома» ва корномаи онҳо арзёбӣ гардид.
Дар натиҷаи ҷамъбасти даври аввал 9 нафар иштирокчӣ ба даври шаҳрии озмун роҳхат гирифтанд.
Бояд зикр намуд, ки баргузории чунин озмунҳо ба густариши фарҳанги китобхонӣ, боло бурдани завқи адабӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ миёни ҷавонон мусоидат намуда, дар тарбияи насли донишманду ватандӯст нақши муҳим мегузорад.
Маркази иттилоот ва студияи «Фурӯғ»