Даъвоҳо ба ҳудудҳои Тоҷикистон оқибати нек надоранд
Бар асари даъвои сардори хадамоти амниятии Қирғизистон Қамчинбек Тошиев, ки иддао дошт, ки деҳаи Ворух бояд иваз гардад, дар ҷомеаи Тоҷикистон вокунишҳои сахт ба вуҷуд омад. Оқибати кор ба он анҷомид, ки воқеаҳои хунини санаи 28-29 апрели соли 2021 ба амал омад. Ҳоло бошад Президенти Қирғизистон Содир Жапаров эълом доштааст, ки Мурғобро Тоҷикистон ба Қирғизистон баргардонад.
Содир Жапаров иддао дорад, ки тибқи ҳуҷҷатҳо онҳо аз лиҳози юридикӣ ҳақ мебошанд. Тоҷикистон низ ҳуҷҷатҳо барои барҳақ будани худ дорад. Аммо масъалаҳои сарҳадӣ ҳалли ниҳоии худро пайдо накардаанд ва раванди ҳалли ин низоъ тўлонӣ гаштааст.
Ин тақдири миллати мост, ки бо чунин ҳамсоя зистан насиб кардааст, ҳамсояе ки ваҳшитабиат.
Дар китоби «Ҳудуд-ул-олам», ки аз куҳантарин осори ҷуғрофии гузаштагони мо буда, дар асри даҳуми мелодӣ таълиф гаштааст, муаллифи ин китоб дар бораи хирхизҳо – яъне гузаштагони қирғизони кунунӣ маълумот медиҳад ва чунин менависад: «Ва малики эшонро «Хирхизхоқон» хонанд. Ва ин мардумон андаке табъи дадгон доранд ва дуруштсуратанд ва каммўй ва бедодкор ва камраҳмат ва мубориз ва ҷангкун».
Дар ин порча муаллиф мегўяд, ки қирғизон табъи дадон – ҷонварони ваҳширо доранд ва боз менависад, ки бедодкор – яъне золим ва камраҳмат – бераҳм ва муборизу ҷангкунанда. Кас ҳайрон мегардад, ки ҳазор сол пеш ин мардум ҳамин тавр будаанд ва имрўз ҳам аз ин хислатҳо чизеро кам накардаанд.
Масъалаи ҷангу ҷидол карданашон бо ҳамсоягон ҳам аз қадим будааст, ки муаллифи «Ҳудуд-ул-олам» навиштааст: «Ва эшонро бо ҳама қавме, ки аз гирдогирди эшон аст, ҷанг аст ва душманист». Инро ҳам мебинам ва боз мегўям, ки ин қавм аз қадим бо ҳамсоягонашон душманӣ доштаанд ва кору аъмоли имрўзаашон падидаи нав набудааст.
Тарзи ҳаёт ва зиндагии қирғизонро муаллифи китоб чунин тасвир кардааст: «Ва хостаи эшон аз ҷиҳозҳои Хирхиз аст ва гўспанд ва гов ва асб. Ва мегарданд бар об ва гиё ва ҳаво ва марғзор. Ва эшон оташро бузург доранд ва мурдаро бисўзанд. Ва худовандони хайма ва хиргоҳанд ва шикоркунанда ва нахчир зананд». Яъне қирғизон ба гирди обҳо ва чарогоҳҳо мегарданд, чорвои худашонро парвариш мекунанд.
Доир ба бадбинӣ ва душмании хирхизҳо нисбати дигар қавмҳо дар боло гуфтем, аммо ба гуфти «Ҳудуд-ул-олам» дар байни қирғизҳо қавми Фурӣ будааст, ки бо худи қирғизҳо ҳам созгор набудааст: «Эшон бо дигар хирхизиён наёмезанд ва мардумхоранд ва бераҳм. Ва зуфони эшон дигар хирхизиён надонанд ва чун ваҳшианд».
Қавми Касими қирғизро ҳам дар ин китоб навиштааст: «Касим номи қавме аст аз хирхиз, ба барокўҳ нишастаанд бо хиргоҳҳо. Ва сайди мўй ва мушк ва хуту ва он-ч бад-ин монад, кунанд. Ва қавме дигаранд аз хирхиз. Сухани эшон ба халлух наздиктар аст ва либосашон чун либоси кимок аст. Ва ҳеч навъро аз хирхиз деҳҳо ва шаҳрҳо нест, албатта, ва ҳама хиргоҳҳост, илло он ҷо, ки нишасти хоқон аст».
Дар ин порча маълум мешавад, ки қирғизҳо ҳаргиз соҳиби деҳа ва шаҳрҳо набудаанд. Маълум аст, ки мардуми ваҳшисират будаанд.
Инро бинед, ки дар бадали 1000-сол хислати ваҳшигӣ, ҳамсоябадбинии ин қавм аз байн нарафтааст.
Ҳодисаҳои наздисарҳадии Ворух, Овчи Қалъача ва амсоли инҳо гувоҳ аст, ки ҳамсояҳои мо хислати ваҳшигарияшонро аз байн набурдаанд.
Ин мардум ҳатто бо ҳамдигар соз намегиранд, ки ҳазор сол пеш ҳам чунин будааст ва кунун низ ҳамин тавр аст.
Ин мардум намедонанд, ки қонунҳои ҳамсоядорӣ бояд амал кунад. Ҳар ду ҷониб худро ҳақ медонанд.
Баҳсҳои марзӣ ҳаргиз бо роҳи ҷангу ҷидол ҳалли ниҳоии худро пайдо карда наметавонад. Барои расидан ба тинҷиву оромӣ музокира ва ҳалли масъала бо назардошти манфиати ҳарду ҷониб бояд сурат гирад.