Даъвои бемори бедаво!
Инсони боақлу идрок ва комил дар сухангӯию рафтор, кирдору амал андешаи оқибату натиҷаро баркашида баъдан изҳори ақида менамояд. Баръакси он, баъзе нафарони ноқисулақли иғвогару дасисабози ҳилагар, ки аз олами вуҳуш дур нарафтаанд, бидуни андеша ғояҳои хаёлии худро бе далелу исбот ифшо менамоянд, ки амали маҳз ифротӣ мебошад. Алалхусус, ин сухангӯиҳо агар боиси низоъангезиву ҷудоисозӣ бошад, чунин афродро бояд ба маҳбаса кашиду ҳамчун унсури зиёновар аз организми ҷомеа берун кард ва онон сазовори раҳмдилӣ набуда адолат дар нобудсозии онҳост.
Манбаҳои мухталифи иттилоотӣ дарак медиҳанд, ки баъзе афроди қирғизтабор, ки феъли кӯчманчигиашон боқӣ мондааст, даъвои ҳудудҳои нав ба нави мулки тоҷикон мекунанд. Дар ин радиф, иғвогарони палид, ки бо тарҳи хоҷагони маблағгузори хориҷӣ бозию нағмагарӣ менамоянд, аз ҷумлаи соддалавҳону бехабарони чаласавод пайравоне низ пайдо карда истодаанд, ки бо “лайк”-у “комментарий”-ҳои бемаъно ҳамовозӣ изҳор менамояд. Гарчанде,ки тоҷикону қирғизҳо тӯли солиёни зиёд дар ҳамсоягию тифоқ зиндагонӣ доранд, қисме аз аҳолӣ ба гуфтаҳои иғвоангезона бовар карда иззату эҳтироми ҳамсоягӣ вайрон намуда истодаанд. Мебояд, бар зидди чунин ҷудоихоҳон бо ҳар роҳу восита фаъолона мубориза бурда шавад.
Мусаллам аст, ки чунин нидою дасисаҳо ғарази маълуми сиёсӣ доранду “фармоишгарон” ҳадафҳои муайяни худро роҳандозӣ карда истодаанд. Аслан, нафарони бохабар аз саводу фарҳанг ба ин дасисакориҳою низоъандозӣ бояд устуворона таваҷҷӯҳи воқеӣ намуда ба қавле “қилро аз хамир ҷудо намоянд”. Вале, алҳол шумораи пайравони дасисаю иғвои навбатӣ дар ҷониби қирғизистониҳо бештаранд. Бо сабабҳои номаълум зиёиёну олимон, мутаффакирону таърихшиносони барӯманди қирғиз худро дар паноҳу канор гирифтаанд, ки амали нозебу ношоистаи аҳли илму фарҳанг маҳсуб меёбад. Зеро, вазифаи бевоситаионҳост, ки ба мардуми авом маҳз ҳақиқатро фаҳмонанду аз далелҳои таърихӣ пуштибонӣ кунанд. Чӣ тавре, ки алломаи замон академик Бобоҷон Ғафуров то таълифи “Тоҷикон”-и оламшумул дар асоси маъхазҳои боэътимоди таърихӣ мавқею манзалат, таъриху ҳудуди ташаккули миллати тоҷикро дар сарзамини Осиёи Марказӣ муайяну исбот кардаанд, олимони қирғизистониро низ мебояд аз Қаҳрамони Тоҷикистон ибрат гиранд.
Умуман, ба мардуми қирғизтабор тавсия карда мешавад, ки аввало “Тоҷикон”-ро бодиққати том мутолиа намоянду баъдан хулосабардорӣ намоянд. Алалхусус, барои қирғизистониён, ки забони русӣ мақоми давлатӣ дорад, ин айни муддаост. Зеро, нашри “Тоҷикон” бо забони русӣ зиёда аз 50 сол инҷониб дастрасии оламиён гаштааст.
Мардуми Тоҷикистон бо шарофати иқдоми наҷиби инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби тӯҳфаи бебаҳо – китоби “Тоҷикон” бо забони тоҷикӣ гаштаасту бо мутолиаи он бар зидди душманони низоъангез аслиҳаи тавоно аз дониши таърихиро омода кардааст. Бинобар ин, иғвогарони қирғизтаборро нашояд сухани ноҷоя гуфту овозе баланд кард. Зеро, мардуми тоҷик бо далелҳои боэътимоди таърихӣ баҳри ҳифзи марзу буми худ омодаанд ва саводу донишу фарҳанги қадима онҳоро қавииродаву рӯҳбаланд месозад ва дар аҳди ҳамсоягиву тифоқ чун ҳамеша устуворанд.
Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризм