Давидани гӯсола то каҳдон.....
Воқеаҳои рузҳои охир, ки тариқи шабакаҳои интернетӣ дар ҳамаҷо паҳн шудааст, маро водор намуд, ки қалам ба даст гираму бар зидди ин ҳама ноадолатиҳо андешаамро баён дошта бошам.Аслан ҳамагон шоҳид ҳастанд, ки гунаҳкор ва саркардаи муноқишаҳои Бадахшон Муҳаммадбоқир аст. Сар задани он ҳодисаҳо баҳонае шуд барои хоинони миллат роҳбарон ва фаъолони ташкилотҳои экстремистӣ-террористии “Ҳизби наҳзати ислом”, “Паймони миллӣ” ва “Гурӯҳи-24”. Ин нохалафондар шабакаи интернетии “Ютуб” ва барномаҳои мессенҷерӣ аз тазоҳуроти Бадахшонистифода намуда, тамоми шаҳрвандони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро барои тазоҳурот даъват карда истодааст. Чанде пеш роҳи гуруҳҳои террористӣ минтақаҳои ҷанубии мамлакатро ба коми оташ кашонданд. Ин нафарон бо ҷалби зархаридони хориҷӣ барои анҷом додани амалҳио террористӣ ва бо ин роҳ фишор овардани ҳукумати мамлакат санаи 17 майи соли 2022 шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Кулмаро дар қисмати роҳи ноҳияи Рӯшон бастанд. Бояд қайд кард, ки ин ифротиҳои фурӯхташуда хоинони зархарид, дар солҳои қаблӣ кишварро ба оташи ҷанги шаҳрвандӣ кашонда буданд. Онҳо бо ин амалҳои номатлубашон боз мехоҳанд вазъияти кишварро нооромсозанд ва мардумро оғуштаи хун кунанд. Санаи 22.05.2022 бар асари муноқишаи байниҳамдигарии дохилӣ, саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятии м. Бархоруғ Мамадбокиров Мамадбокир Карамалишоевич кушта шуд. чуноне, ки дар урфият мегӯянд: “чоҳкан зери чоҳ”.Ӯ хост, ки тақдири мардуми осудаҳолро, ки бо ризқу рузии ҳалол зиндагиашро ба сар мекунаду зиндагии хушбахтона дорад, вайрон кунад. АгарМамадбокир аз амалҳои ифродиаш мегашт шояд ин задухӯрдҳо ба амал намеомаданд. Вай тақдирашро бо дасти худаш сӯхт. Ба ҳодисаи рухдода худаш гунаҳкор аст. Зеро вай дидаву дониста ҷони садҳо ҷавонон, фарзандони инсониятро ба хатар гузошт, онҳоро гумроҳ карда бо ваъдаҳои по дар ҳаво таслими худ кард. Хиёнатро на давлат ва на оила мебахшад ва он ҷиноят ва гуноҳи азим ҳисобида мешавад ва Қонун барои ҳама як аст.
Ман ба ҳамаи ҷавонмардони боору номуси миллат ва ба падару модароне, ки нисбати ояндаи фарзанди худ бетараф нестанд, муроҷиат намуда гуфтаниям, ки фарзандонашонро аз ин роҳ баргардонанд ва нагузоранд, ки тақдири онҳо бо хун оғушта гардад. Ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳар гуна гапҳои бардурӯғи хоинон бовар накунанд.
Биоишаи Назар