ДАЪВАТ БА ОЗМУН: «ТАҚВИЯТИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ»
Раёсати Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» ба муносибати эълон гардидани соли 2026 ҳамчун “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” озмуни донишгоҳии «Тақвияти худшиносиву худогоҳии миллӣ»-ро байни устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳ эълон менамояд.
Ҳадафи озмунҳо тақвияти худшиносиву худогоҳии миллӣ, баланд бардоштани маърифати таърихию фарҳангӣ, рушди тафаккури миллӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ мебошад.
Иштирокчиён метавонанд корҳои илмӣ, таҳлилӣ ва эҷодии худро дар самтҳои муайяншуда пешниҳод намоянд. Барои донишҷӯён озмун дар самтҳои илмӣ-таҳлилӣ, суханронӣ ва эҷодӣ, барои устодон дар самтҳои илмӣ ва адабӣ-эҷодӣ роҳандозӣ мегардад.
БАРРАСИИ МАСОИЛИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН
ТАҲКИМИ ҲИССИ ВАТАНДӮСТӢ ВА ХУДШИНОСИИ ҶАВОНОН
ВОХӮРИИ НАМОЯНДАГОНИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ БО ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶӢ
СОЛИ 2025: ЗИЁДА АЗ 450 УСТОД АЗ ТАКМИЛИ ИХТИСОС ГУЗАШТАНД
СОЛИ 2025: ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШГОҲ
БАРГУЗОРИИ ДАРСИ КУШОДИ САТҲИ ДОНИШГОҲӢ