Дастовардҳои донишҷӯён дар озмуни ҷумҳуриявӣ

Санаҳои 15-17 майи соли ҷорӣ дар Донишкадаи байналмилалии Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон озмун (олимпиада)-и ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва озмуни ҷумҳуриявӣ барои дарёфти “Ҷоми раёсати Донишгоҳибайнамиллалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” баргузор шуд. Донишҷӯёни донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз рӯи 15 фан иштирок намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки Партобзода Зикрулло, донишҷӯи курси чоруми факултети физика ва техника аз фанни физика сазовори ҷойи 2, Иномҷонзода Ҳотамбек, донишҷӯи курси сеюми факултети математика сазовори ҷойи 3, Ҷабборова Ирода, донишҷӯи курси 3 аз фанни ҳуқуқшиносӣ сазовори ҷойи 3 гардиданд. Инчунин, Ҷаъфарова Мафтуна, донишҷӯи курси якуми факултети филологияи тоҷик аз фанни забони тоҷикӣ ваФатҳуллоев Шӯҳратулло, донишҷӯи курси чоруми факултети биология ва химия аз фанни биология соҳиби ифтихорнома шуданд.
Маврид ба таъкид аст, ки донишҷӯёни мо дар озмуни ҷумҳуриявӣ барои дарёфти “Ҷоми раёсати Донишгоҳибайнамиллалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз равияи фанҳои дақиқ иштирок намуданд, ки аз рӯйи равияи “Химия”Иброҳимов Нӯъмонҷон, донишҷӯи курси якуми факултети биология ва химия ҷойи 3-юмро ба даст овард.
Маркази иттилоот ва таҳлил