ДАСТОВАРДИ НАВБАТИИ ИЛМӢ
Дар партави сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими иқтидори илмӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ сафи устодони соҳиби унвон ва дараҷаҳои илмӣ дар Донишгоҳ меафзояд.
Тибқи фармоиши раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2026 таҳти №188/уи, доктори илмҳои физикаю математика, профессори кафедраи информатика ва методикаи ҳисоббарор Қамариддин Тухлиев ба унвони профессорӣ аз рӯйи илмҳои математика мушарраф гардид.
Ҳамчунин, мутобиқи фармоишҳои дахлдори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор омӯзгорони донишгоҳ унвони илмии дотсент дода шуд. Аз ҷумла, номзади илмҳои иқтисодӣ, сармуаллимаи кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит Масъуда Носирҷонова ба унвони дотсент аз рӯйи самти иқтисодиёт, сармуаллими кафедраи филологияи араб Нӯмонҷон Нигматов ба унвони дотсент аз рӯйи самти илмҳои адабиётшиносӣ ва сармуаллимаи кафедраи зоология ва физиологияи одаму ҳайвон Дилбар Зоҳидова ба унвони дотсент аз рӯйи самти илмҳои биологияи умумӣ сазовор гардиданд.
Инчунин, дар доираи татбиқи Барномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров барои солҳои 2026–2030» боз ду нафар омӯзгорони ҷавони донишгоҳ ба дараҷаи илмии номзади илм мушарраф шуданд.
Аз ҷумла, муаллимаи кафедраи электроникаи факултети физикаю техника Нилуфар Илҳом Усмонзода аз рӯйи ихтисоси 2.3.3 – «Дастгоҳҳои энергетикӣ дар асоси намудҳои барқароршавандаи энергия» ва сармуаллимаи кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ Нигина Раим Назарзода аз рӯйи ихтисоси 5.3.10.9 – «Назария ва технологияи таълими забонҳои хориҷӣ (забони англисӣ)» тибқи фармоиши раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дараҷаи илмии номзади илм сазовор гардиданд.
Бояд зикр намуд, ки соҳиб гардидани устодони донишгоҳ ба унвонҳо ва дараҷаҳои илмӣ натиҷаи заҳмати пайвастаи онҳо дар самти фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ буда, ҳамзамон бозгӯи таваҷҷуҳи роҳбарияти донишгоҳ ба рушди илм, дастгирии муҳаққиқон ва татбиқи сиёсати давлатии кадрҳо мебошад.
Дастовардҳои навбатии олимону омӯзгорони донишгоҳ барои таҳкими нуфузи илмии муассиса, баланд бардоштани сатҳи таълиму таҳқиқот ва омода намудани мутахассисони рақобатпазир заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Маркази иттилоот