​Дастоварди донишгоҳ дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”

Даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид. Дар марҳилаи шаҳрии озмун аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 24 нафар - донишҷӯ, магистрант, корманду омӯзгор аз рӯи номинаҳои адабиёти классикӣ, адабиёти муосир, адабиёти ҷаҳон иштирок намуданд. Дар натиҷа, аз рӯи номинаи адабиёти классикӣ 8 нафар, номинаи адабиёти муосир 4 нафар ва номинаи адабиёти ҷаҳон 4 нафар, дар умум 16 нафар ғолиб омада, ба даври сеюми озмун роҳхат гирифтанд.

P.s. Аз номи ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ донишҷӯёнро ҷиҳати ба даст овардани ғолибият табрик гуфта, барои онҳо музаффариятҳои тоза таманно дорем.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ