ДАСТОВАРДИ АРЗАНДАИ УСТОДОНИ ДОНИШГОҲ МУБОРАК!
Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода маросими супоридани мукофот ва ҷоизаҳои давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун баргузор шуд.
Дар қатори дигар кормандони соҳоти мухталифи хоҷагии халқ ду нафар устодони МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” муовини ректор оид ба таълим Абдуллозода Насим Абдулло бо медали “Хизмати шоиста” ва Мақсудҷон Умаров бо ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф дар соли 2026, аз ҷониби Сарвазири мамлакат муҳтарам Қоҳир Расулзода қадрдонӣ гардиданд.
Ҷомеаи меҳнатии МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” миннатдори худро барои дастгириву таваҷҷуҳи ҳамешагӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён дошта, кӯшиш менамояд, ки минбаъд низ барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва омода намудани мутахассисони соҳибтахассус тамоми донишу таҷриба ва малакаи худро равона хоҳад кард.