ДАСТОВАРДИ АРЗАНДА: МЕДАЛИ "ХИЗМАТИ ШОИСТА" МУБОРАК!
Имрӯз дар Қасри миллат ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маросими тантанавии супоридани мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маросими бошукӯҳ намояндагони касбу кори гуногун, ходимони давлатӣ ва ҷамъиятӣ, аҳли илму маориф, фарҳанг, истеҳсолот ва дигар соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар, ки бо фаъолияти содиқона ва саҳми арзандаи худ дар пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши муассир гузоштаанд, бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
Дар қатори дигар намояндагони касбу кори гуногун ректори Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров" Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин бо медали “Хизмати шоиста” қадрдонӣ гардид.
Бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз давлатдории миллӣ аҳли ҷомеаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Набизода Мирзотоҳир Сайфиддинро ба муносибати қадршиносӣ гардиданаш бо медали "Хизмати шоиста" самимона табрик намуда, сиҳатмандии комил, неруи тоза, иродаи қавӣ ва дар фаъолияти минбаъдаи роҳбарӣ ба хотири рушди илму маориф, тарбияи кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи замон ва ободиву пешрафти Тоҷикистони маҳбуб комёбиҳои боз ҳам бештар орзу менамояд.