Дасисабозиҳои навбатии ТЭТ ҲНИ
Қурбони терроризм дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рў, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу омили шахсони ифроткор ва гуруҳҳои терроризмро биёмўзанд ва барои рафъ намудани он кўшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад.
Имрӯз яке аз масъалаҳои муҳим ва ногуворе, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносии насли наврас, хусусан ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба гуруҳи ифротгаро мегардад. Дар чунин вазъият ҳар як фарди соҳибмаърифат ва хоссатан падару модарро масъулияти азим мебояд, зеро аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон яке аз омилҳои мубориза бар зидди падидаи нанговари ҷомеаи имрӯза терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб меёбад. Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Ин падида на танҳо ба сиёсати дохилии кишварҳои алоҳида, балки дар муносибатҳои давлатҳои ҷудогона рахнаандозӣ намуда истодааст: Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд.
Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва ҳифз намудани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ мебошад. Қайд кардан ба маврид аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст. Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷӯй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ-маънавиро коҳиш дода, баъдан ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд.
Ростӣ аз шунидани дасисаҳои иғвоангези ТТЭ ҲНИ ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон ором шуда натавонистам. Он номардон худ ором дар ҷои гарм нишаста, дар байни мардуми ватани худ иғвоангезӣ карданӣ мешаванд.
Ин тоифа аз сатҳи пасти донишҳои сиёсии ҷавонон истифода бурда, маҷбур месозанд, бар зидди сарзамини худ санг андозанд ва ҷавон вақте мефаҳмад чи кор карда истодааст аллакай дер шудааст. Аз ҳамаи шаҳрвандон, махсусан ҷавонон хоҳиш мекунам, ба ин бозиҳои сиёсӣ ва дасисаҳои ифротиён дода нашаванд. Бо иродаву дониши баланди худ баҳри ороми ва ободии кишвари азизамон-Тоҷикистон ва беҳтар сохтани зиндагии худ талош варзем.
Имруз мо дар даврае карор дорем, ки чахони муосирро мунокишахои гуногун фаро гирифта, ҷони одамон арзишхои инсон дусти мехру мухаббат ва дигар арзишхои рабт дошта ва инсоният дар назди ин гуруххо кимате надорад.Аз ин ру моро водор месозад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода танинандоз будани вахдату ягонаги осоишу амният ва фатхи куллахои рушдро таъмин созем.
Дўст доштани Ватан, эхтиром ба он, эътимоду эътикод парваридан ба имрузу фардои некаш, тайёр будану чонфидои намудан барои хифзи марзу буми он, мебояд дар ниходи дилхох шахрванд, хамчун омили ягонаи ватандўсти ташаккул ёбад.
Шукр, ки имрўз дар саросари кишварамон сулх хукмфармо аст. Аммо мутаасифона то ханўз тахдиди хатархо аз чониби иддае аз бадхохони давлатамон аз байн нарафтааст. Барои мо дар ин вазъ зарур аст, ки дарки масъулияти ватандориву миллатдусти дошта бошем. Барои бакои давлату миллат, ташакули хислатхои устувор пеш аз хама часорат, ифтихор ва гурури солиму милли ба мо зарур аст.
Шамил Назарзода