Дарси кушоди таҷрибаомӯз: "Нақши ҳунарҳои бадеӣ дар тарбияи насли наврас"

Мувофиқи нақшаи таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ донишҷӯи курси 5-уми ихтисоси "Санъати тасвирӣ ва нақшакашӣ. Ҳунарҳои халқии бадеӣ" Акрамова Азиза дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25 барои хонандагони синфи 6 “б” дарси кушоди тарбиявӣ баргузор намуд. Мавзуи дарс "Нақши ҳунарҳои бадеӣ дар тарбияи насли наврас" буд, ки дар он омӯзгорони таҷрибадор ва роҳбарони муассиса иштирок доштанд.
Дар ҷараёни дарс таҷрибаомӯз муҳтавои мавзуъро ба хонандагон шарҳ дод.
Муаллими калони кафедра Яҳёев дарсро таҳлил намуда, ҷиҳати таъмини сифати дарс маслиҳатҳои муфид дод.
Маркази иттилоот ва таҳлил