Дарси кушоди тарбиявӣ бо ташаббуси таҷрибаомӯзон

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию меҳанпарастии кӯдакону наврасон аз ҷониби таҷрибаомӯзони факултети санъати тасвирӣ ва дизайн донишҷӯёни курси чоруми ихтисоси “Санъати тасвирӣ ва нақшакашӣ. Дизайн (графики)” дарси кушоди тарбиявӣ баргузор шуд.
Дар доираи ин иқдом аз ҷониби хонандагон шеъру гуфтор қироат шуда, саҳнаҳои тарбиявӣ ба намоиш гузошта шуд.
Таъкид гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ояндаи давлату миллат унвон намуда, зикр доштаанд, ки мо бо ҷавонони мамлакати худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоронд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусан ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд.
Ташаббуси мазкур ҷиҳати татбиқи самараноки донишҳои назарии донишҷӯён тадбири муҳим маҳсуб меёбад, ки дар доираи он маҳорати педагогии онҳо таҳким меёбад.
Маркази иттилоот ва таҳлил