​Дарси кушод дар мавзуи “Ташкили бизнеси худӣ”

Дар факултети иқтисодӣ дарси кушоди муаллимаи калони кафедраи идоракунии иқтисодиёт ва маркетинг Бегматова Саодат аз фанни Асосҳои соҳибкорӣ дар мавзуи “Ташкили бизнеси худӣ” доир гардид.

Дар рафти машғулият масъалаҳои муҳими марбут ба ташкили фаъолияти соҳибкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Қайд гардид, ки бо мақсади ҳавасмандгардонии рушди субъектҳои соҳибкорӣ, давлат барои ташаббусҳои соҳибкорӣ шароитҳои мусоиди ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва кафолатҳои заруриро фароҳам овардааст. Ҳамчунин, таъкид шуд, ки ҳавасмандгардонии фаъолияти соҳибкорӣ тавассути таъмини ҳифз ва дастгирии фаъолияти онҳо амалӣ мешавад.

Барои таҳкими донишҳои назариявии донишҷӯён дар ҷараёни дарс аз фаъолияти соҳибкорони маҳаллӣ бо овардани факту далелҳо мисолҳои мушаххас пешниҳод гардиданд, ки ин таваҷҷуҳи донишҷӯёнро ба мавзуъ зиёд кард.

Бо мақсади такмили малакаи амалӣ, донишҷӯён ба дастаҳо тақсим шуданд ва дар асоси идеяҳои худӣ лоиҳаҳои бизнесӣ пешниҳод карданд. Ҳар як даста лоиҳаҳои худро дар доираи шароитҳои мавҷуда ва имкониятҳои бозори маҳаллӣ муаррифӣ намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ