Дарси кушод дар мавзуи “Намудҳои санъат ва навъҳои ҳунар”
Дар факултети забонҳои хориҷӣ дарси кушоди сармуаллимаи кафедраи фарҳангшиносӣ Ишонова Сабрина баргузор гардид. Дарс бо гурӯҳи 205 ва дар мавзуи “Намудҳои санъат ва навъҳои ҳунар” гузаронида шуд.
Мавзуъ бо истифодаи усулҳои замонавӣ ва мутобиқ ба ихтисоси донишҷӯён баррасӣ гардида, донишҷӯён бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ баромад карданд.
Омӯзгор бо нутқи равон ва таҳлилҳои амиқ мавзуъро шарҳ дода, донишҷӯёнро барои азхудкунии беҳтари мавод ҳидоят намуд.
Дар ҷамъбасти дарс мудири кафедра дотсент Комилова Махфуза дарсро натиҷагирӣ намуда, ба омӯзгор муваффақиятҳои шоиста таманно намуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил