Дарси кушод: “Асосҳои геометрӣ бо сохтанҳои геометрӣ”

Дар факултети математика дарси кушоди сатҳи донишгоҳӣ аз фанни интихобии “Асосҳои геометрӣ бо сохтанҳои геометрӣ” доир гардид. Дарси мазкур аз ҷониби дотсент Тӯйчиев Олимҷон дар мавзуи «Системаи аксиомаҳои геометрияи Евклидӣ ва натиҷаҳо аз онҳо» сурат гирифт.
Иқдоми мазкур дар доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ба роҳ монда шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар дарс донишҷӯёни курси панҷуми ихтисоси математикаи амалӣ иштирок намуда, шарти масъалаҳо ва тарзи сохтани шаклҳои геометрӣ дар асоси хосиятҳои он бо истифода аз асбобҳои геометрӣ, ба монанди хаткашак, паргор ва кунҷченкунак (транспортир) тариқи муаррифинома нишон дода шуд.
Омӯзгор аз усулҳои фаъоли таълим истифода бурда, дар ҷараёни дарс воситаҳои муосири техникӣ самаранок истифода шуданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил