​Дарахти нопокон хушк шудааст!?

Ҳаёти ҷомеаи башарӣ ҳамсони ҳаёти мавҷудоти зинда, хусусан олами наботот аст, ки қонуниятҳои умумии рушду нумӯъ доранд. Бинобар ин, тамошои сабзазори хурраму нашъунамои бемайлони дарахтон фардро хушдор медиҳад, ки меваи заҳматаш пухта истодаастумувофиқи заҳматаш мебояд чашад. Чунончӣ, боғбони беҳунару бахил, палиду разилро дарахти умраш гар бороварад ҳам, меваҳояш заҳрбору талхмағзанд ва шоистаи соҳибони бадзотанд.

Тӯдаи разилони нопоки наҳзатӣ бо сардории Муҳиддин Кабирии мазҳабу ватанфурӯш дар саҳроҳои олам бо фармоиши хоҷагони маблағгузори ифротӣ тӯли солҳои сершумор мақсади бунёди боғи ватангадоёну хоинонро доштанд, ки доимо бо коштани тухми адовату мухолифат роҳандозӣ намудаанд. Ҷоиз бақайд аст, ки бо таъмини ғизо (маблағҳои ҳаромманбаъ) чанде аз тухмиҳои киштаи ифротгароён, сабзидаву дарахтҳои заҳрогини "Ҳизб-ут-Таҳрир", ДИИШ, "Ансоруллоҳ", ҳизби мамнӯи наҳзати Ислом ва амсоли онҳо дар боғи ҷомеаи ҷаҳонӣ арзи вуҷуд пайдо кардааст. Дар аксарияти ҳол ин дарахтони мадоро танҳо бо заҳрпошию бадбӯӣ, ғализию иғвоангезӣ, буҳтонбофию дасисабозӣ шӯҳрат ёфтаанду самараи палидии онҳо кинаву адоватҷангу ҷидол, нооромиву куштор мебошаду бас.

Зуҳуроти воқеии чунин манҳус-анчарро метавон дар мисоли амалҳои ҷафокоронаи ҳаракати "Толибон"дар хоки Афғонистон мушоҳида кард. Ин тоифаи ҷангҷӯёни ифротӣ бо нерӯи маблағу аслиҳаи бадкирдории сиёҳдил сари қудрати давлатдориро ба даст оварданду имрӯзҳоба нобудсозии тоҷикони озодандеши муқими Афғонистон шурӯъ кардаанд. Аққалан андеша надоранд, ки маҳз тоҷикони минтақаи шимоли кишвар буданд, ки мақоми озодихоҳиро пеша карда бар зидди душманони хориҷӣ муборизаи беамон бурдаанд ва ҳам мебаранд.

Бехабарандаз таърих ё худ дарк карда наметавонанд, ки нобуд сохтани миллати таҳҷоӣ шабеҳи буридани решаи дарахти мевабор аст. Ё худ мехоҳандсоҳиби кундаҳои хушкида бошанд? Ҳайҳот, ки амалашон чунин бор меовараду халос!

Ҷомеаи ҷаҳонӣ, хосатан давлатони абарқудрат бо дарки воқеият ва моҳияти масъалавазифадоранд, ки роҳбарияти Толибонро аз чунин амалҳои номатлуб боздоранд. Зеро,миллати тоҷик дар хоки Афғонистон таҷассумгари таърихи куҳани давлатдории муваффақ мебошаду номи Ҳироту Ҳайдарободу дигар мавзеҳоро ба оламиён шиносонидаанд. Нашояд бамисли боғбони беҳунар - Кабирии бадзоту ҳаммаслакони чоплуси ӯ буд, ки решаи дарахти аҷдоди буридаанду ҳамчун шохи бебарг ватангадою саргардонанд. Таҳаммул бояд кард, ки бе тоҷикон давлати Афғонистон вуҷуд дошта наметавонад ва маҳзтоҷикон нерӯи тавонои соҳибдавлатии ин марз мебошанд. Худдорӣ бояд, ки табар ба решаи худ зада, хушканду ба сифати ҳезум ба оташдони абарқудратонба кор бурда шаванд!? Аз қадимулайём мардуми Шарқро панди ҳикматомез ҳаст, ки "аввал андешаю баъд....” Аз ин лиҳоз, бояд куштритоҷикони таҳҷоӣдар Афғонистон қатъ карда шавад, ки қотеёна инро талаб дорем.

Собиров Мурод Собитҷонович-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатииХуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ