Дар шинохти омилу ангезаҳои пайдоиши ифротгароӣ
Ҳоло дар ҷомеаи муосир дар мавриди шинохти омилу ангезаҳои пайдоиши ифротгароӣ ҷавонон эҳсоси афзудан ва густариши ҳисси маъюсӣ, нобоварӣ, парешонӣ аз зиндагӣ ва сатҳи пасти дониши диниро пайдо намудаанд. Гуруҳи дигар надоштани дониши илмӣ, аз андоза гузаштан, аз эътидол берун шудан, қисми дигар ба дарки ин мафҳум расидагӣ накардаанд.
Ҷиҳати муайян намудани дониши ҷавонон бо суоли тафовути мафҳуми терроризм аз экстремизм муроҷиат намудем. Ҷавонон: террор бо воситаи тарсу ваҳм амалӣ мешавад, экстремизмро дигаргунсозии мафкура ва тафриқаандозӣ шарҳу тавзеҳ додаанд, ки ин шаҳодати дарки моҳияти суолро бозгӯ мекунад. Вале ҳастанд ҷавононе, ки то ҳанӯз фарқи байни ин ду мафҳумро намедонанд.
Ҳамзамон мақсади ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ низ пурсида шуд, ки аксарият ба даст овардани ҳокимият ва дигаргун намудани сохти конститутсиониро зикр доштаанд, ки ҷавоби саҳеҳ аст. Вале на ҳамаи узви ҷомеа аз мақсаду мароми нопоки онҳо ошно ҳастанд.
Аз натиҷаи пурсиши гузаронидашуда метавон ба чунин натиҷа расид, ки бо вуҷуди гузаронидани чорабиниҳои сиёсӣ, аз қабили конференсияҳо, мизҳои гирд ва мулоқоту вохӯриҳо, нашри мақолаву китобҳо ва роликҳои тарғиботии зидди падидаҳои номатлуб ҳануз мафҳумҳои терроризм ва экстремизм дар миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа ба пуррагӣ шарҳу тафсири худро наёфтааст. Аз ин лиҳоз, ба дарки масъала мушикофона расида, бояд таблиғу ташвиқи фаъолиятро дар самти муқовимат ба терроризму экстремизм боз ҳам пурзӯр намуд.
Ҷӯраева Гулафзо – омӯзгори ДДХ, Шарқшинос