Чун ба хилват мераванду кори дигар мекунанд
Қурбони терроризм дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рў, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу омили шахсони ифроткор ва гуруҳҳои терроризмро биёмўзанд ва барои нест ва дафъ намудани он кўшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад. Имрӯз яке аз масъалаҳои муҳим ва ногуворе, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба гуруҳи ифротгаро мегардад. Дар чунин вазъият ҳар як фарди соҳибмаърифат ва хоссатан падару модарро масъулияти азим мебояд, зеро аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон яке аз омилҳои мубориза бар зидди падидаи нанговари ҷомеаи имрӯза терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб меёбад. Роҳбари давлат доир ба ин масъала, ки дарди рӯз мебошад, чунин иброз менамоянд: «Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст». Ин падида на танҳо ба сиёсати дохилии кишварҳои алоҳида, балки дар муносибатҳои давлатҳои ҷудогона рахнаандозӣ намуда истодааст, ки Чаноби Оли мухтарам Эмомали Рахмон дар суханронияшон доимо қайд менамоянд: «Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд».
Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва ҳифз намудани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ мебошад. Қайд кардан ба маврид аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст. Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷӯй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ-маънавӣ (ахлоқию динӣ)-ро коҳиш дода, фалаҷ месозанд, баъдан ҳисси нобоварӣ ва таҳдид намуда, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд.
Рости аз шунидани дасисаҳои иғвоангези наҳзатиёни фирорӣ ва номард ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон ором шуда натавонистам. Он номардон худ ором дар ҷои гарм шиками сер нишаста миллати тоҷикро ба ҷангу иғвоангезӣ даъват менамоянд. Боз аз номи Ҳак сухан гуфта, чи суханҳои қабеҳу равторҳои ношоиста мекунанд. Шоире мегӯяд: Воизон к-ин ҷилва аз меҳробу минбар мекунанд,
Махсусан ҳамин "Гурӯҳи 24" аз номи Исломи пок сухан гуфта, миёни ҷавонон иғво ангехта, бо ин амалашон чандин ҳазор ҷавонро кунҷи зиндон намудаанд. Ин номардон аз надонистани донишҳои сиёии ҷавонон истифода бурда, маҷбур ба зидди давлату миллат санг задан месозанд, ва ҷавон вақте мефаҳмад чи кор карда истодааст аллакай дер шудааст. Аз ҳамаи шаҳрвандон махсусан ҷавонон хоҳиш мекунанд ба ин бозиҳои сиёсӣ ва дасисаҳои наҳзатиён дода нашавед. Бо иродаву дониши баланди худ баҳри ороми ва ободии кишвари азизамон-Тоҷикистон ва беҳтар сохтани зиндагии худ талош варзем.
Имруз мо дар даврае карор дорем, ки чахони муосирро мунокишахои гуногуни миллию кавми, чангхои гурухи кувва ва ҳизбу ҳаракатҳои гуногун фаро гирифта, ҷони одамон арзишхои инсон дусти мехру мухаббат ва дигар арзишхои рабт дошта ва инсоният дар назди ин гуруххо, бахусус ташкилоти терористии собик Хизби назхати ислом киммате надорад.Аз ин ру моро водор месозад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода танинандоз будани вахдату ягонаги осоишу амният ва фатхи куллахои рушдро таъмин созем.
Дўст доштани Ватан, эхтиром ба он, эътимоду эътикод парваридан ба имрузу фардои некаш, тайёр будану чонфидои намудан барои хифзи марзу буми он, мебояд дар ниходи дилхох шахрванд, хамчун омили ягонаи ватандўсти ташаккул ёбад.
Шукр, ки имрўз дар саросари кишварамон сулх хукмфармо аст. Аммо мутаасифона то ханўз тахдиди хатархо аз чониби иддае аз бадхохони давлатамон аз байн нарафтааст. Барои мо дар ин вазъ зарур аст, ки дарки масъулияти ватандориву миллатдусти дошта бошем. Барои бакои давлату миллат, ташакули хислатхои устувор пеш аз хама часорат, ифтихор ва гурури солиму милли ба мо зарур аст.
Ватанро бояд дўст дошт ва ба кадри арзишхои милли расид.
ШН