​ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ: НАСЛИ ЗАФАРМАНДОН ВА ШАРАФМАНДОНИ ВАТАН

Бахшида ба 81-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ имрӯз дар толори Раёсати Донишгоҳ чорабинии тантанавӣ таҳти унвони «Насли зафармандон ва шарафмандони Ватан» бо иштироки собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ, ҷанговарони байналмилал, барқароркунандагони сохти конститутсионӣ, устодон ва донишҷӯён баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Ятимзода Содиқ иштирокчиёнро аз номи ректори Донишгоҳ Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин ба муносибати ин санаи таърихӣ табрику таҳният гуфта, таъкид намуд, ки насли замони Истиқлол қаҳрамониҳои падару бобоёнро гиромӣ медорад ва ҳеҷ гоҳ онҳоро фаромӯш нахоҳад кард. Ба гуфтаи ӯ, ин руҳия аз сиёсати давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифта, ҷавононро ба ваҳдат, худшиносӣ ва дӯст доштани Ватан раҳнамоӣ мекунад. Зикр гардид, ки ҷанги солҳои 1941–1945 ҳамчун марҳилаи ҳалкунандаи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар таърих сабт гардида, муборизаи одилонаи мардумони Шуравӣ барои ҳифзи шарафу номус ва озодии Ватан ба ҳисоб меравад.

Дар идома, таҳти унвони «Корномаи ҷангии устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳ дар майдони набард» раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Донишгоҳ Шавкат Шарипов суханронӣ намуда, аз ҷасорат ва мардонагии устодони донишҷӯёни Донишгоҳ дар майдони ҷанг ва меҳнати шуҷоатноки онҳо дар ақибгоҳ ёдовар шуд.

Ҳамчунин, дотсенти кафедраи омодагии дифои ҳарбӣ, сарбози байналмилал, полковник Ашӯр Ҷамолов дар мавзуи «Сипари боэътимоди Ватан: хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ – қарзи фарзандии ҷавонон» маъруза намуда, доир ба нақши насли калонсол дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва ҳифзи арзишҳои миллӣ андешаронӣ кард.

Дар фарҷоми чорабинӣ 21 нафар собиқадор бо туҳфаҳои хотиравии ректори Донишгоҳ қадрдонӣ гардиданд.

Маркази иттилоот ва студияи «Фурӯғ»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ