ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ: АРТИШИ МИЛЛӢ – СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ВАТАН

Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Артиши миллӣ – сипари боэътимоди Ватан» 21 феврали соли 2026 дар факултети санъати тасвирӣ ва дизайн чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Ҳадафи чорабинӣ арҷгузорӣ ба хизматҳои содиқонаи ҳомиёни Ватан, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ дар байни ҷавонон ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву шаҳрвандии донишҷӯён арзёбӣ гардид.

Зимни баромадҳо таъкид шуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун такягоҳи боэътимоди давлат дар ҳифзи Истиқлолият, якпорчагӣ ва суботи кишвар нақши калидӣ дошта, хизмат ба Ватанро барои ҳар як ҷавонмарди кишвар мактаби ҷасорат, мардонагӣ ва масъулиятшиносӣ унвон намуданд.

Дар идомаи чорабинӣ донишҷӯён ва сарояндаи маъруф Самариддинзода Сироҷиддин барномаи рангини фарҳангӣ пешниҳод намуда, бо қироати шеърҳо, иҷрои сурудҳои ватандӯстона, саҳначаҳои тарбиявӣ ва намоиши асарҳои рассомӣ фазои чорабиниро пуршукӯҳ гардониданд.

Дар анҷом таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо дар таҳкими худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои давлатӣ ва тарбияи насли ҷавони худогоҳу ватандӯст аҳаммияти муҳим дорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ