Чорабинии адабӣ бо иқдоми таҷрибаомӯзон
Бо ташаббуси донишҷӯёни факултети забонҳои хориҷӣ дар доираи раванди таҷрибаомӯзӣ дар муассисаи таҳсилоти хусусии “Литсейи инноватсиони ҷавонӣ” чорабинӣ баргузор шуд. Чорабинии мазкур ба муносибати Рӯзи Президент ва Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Оли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуд.
Дар доираи ин ташаббус аз ҷониби хонандагон дар васфи Ватан ва Президент шеърҳо кироат шуда, барномаи фарҳангӣ манзур гардид.
Чорабинӣ дар сатҳи баланд доир гардид, ки бозгӯи масъулиятшиносии таҷрибаомӯзон буд.
Хонандагон бо забонҳои тоҷикӣ, ангисӣ ва рӯсӣ баромад намуданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил