ЧАРОҒИ ҲИДОЯТ: МОДАР – САРЧАШМАИ ЗИНДАГӢ
Дар факултети забонҳои шарқи Донишгоҳ санаи 4-уми марти соли ҷорӣ маҳфили навбатии донишгоҳии "Чароғи ҳидоят” баргузор гардид. Маҳфил таҳти роҳбарии собиқадори Донишгоҳ дотсент Олов Саидмуҳаммад доир шуда, ба гиромидошти нақши модар ва мақоми устод дар тарбияи маънавии ҷомеа бахшида шуд.

Дар маҳфил меҳмонони гиромӣ – Фарзона Хуҷандӣ, Шоири Халқии Тоҷикистон, доктори илми филология, профессор Замира Ғаффорӣ, инчунин устодону собиқадорони факултет иштирок доштанд.
Дар оғози чорабинӣ доктори илми филология Муътабар Заҳибуллозода дар бораи фаъолияти илмӣ ва саҳми арзандаи профессор Замира Ғаффорӣ дар рушди илм суханронӣ кард. Қайд гардид, ки корҳои илмии мавсуф на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар кишварҳои Ҳиндустон, Покистон, Эрон ва дигар давлатҳои Осиёи Миёна мавриди омӯзиш қарор гирифта, ӯ ҳамчун олими сатҳи байналмилалӣ шинохта шудааст.
Профессор Замира Ғаффорӣ зимни баромади худ аз роҳи тайкардаи илмӣ ёдовар шуда, ба донишҷӯён тавсия дод, ки дар зиндагӣ ҳамеша мақсаду ниятҳои баланд дошта бошанд ва бо меҳнату дониш ба орзуҳои худ расанд.
Ҳамчунин Фарзона Хуҷандӣ аз хотираҳои зиндагии модари шодравонашон – профессор Бароатхон Ҳоҷибоева, ки солҳои тӯлонӣ дар Донишгоҳ ба ҳайси устод фаъолият доштанд, қиссаҳои таъсирбахш нақл намуд. Ба гуфтаи ӯ, нақши модар дар тарбияи инсон ва роҳнамоӣ ба зиндагии шоиста бисёр муҳим мебошад.
Дар идомаи маҳфил донишҷӯёни факултет аз ашъори шоири маъруф шеърҳо қироат намуда, фазои фарҳангиву маънавии чорабиниро ғанӣ гардониданд.
Дар анҷоми маҳфил роҳбари он Олов Саидмуҳаммад таъкид кард, ки чунин мулоқотҳо барои баланд бардоштани сатҳи маънавию маърифати ҷавонон аҳаммияти калон доранд. Ӯ ба донишҷӯён тавсия дод, ки аз таҷриба ва панду андарзҳои устодони соҳибтаҷриба омӯзанд ва онҳоро дар зиндагии худ истифода баранд.
Ҳадафи асосии маҳфил таҳкими арзишҳои маънавӣ, эҳтиром ба модар ва устод, инчунин тарбияи ҷавонон дар руҳияи донишандӯзӣ ва худшиносӣ буд.
Дар натиҷа, донишҷӯён аз таҷрибаи шахсиятҳои маъруфи илму адаб баҳра гирифта, барои идомаи роҳи дониш ва худтакмилдиҳӣ илҳом гирифтанд.
Маркази иттилоот ва таҳлил