Чанд андеша дар мавриди ҳодисаҳои Бадахшон

Имрўзҳо орзуи деринаи фарзандони ҳисси ифтихори миллиашон баланд ва ватандўсти тоҷик ҷомаи амал пўшида истодааст ва Ватани азизамон ба сафи мамлакатҳои мутараққӣ даромада, шаҳрвандонаш оромонаю осудаҳолона зиндагӣ доранд. Дар ҷаҳон муборизаҳои ғоявию сиёсӣ ва иҷтимоии байни давлатҳо, созмонҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои гуногун дар авҷ аст. Дар ин ҷараён барои ҳар як шахси равшанфикр ва масъулиятшинос мубориза барои ҳифзу ҳимояи манфиатҳои миллат ва давлати Тоҷикистон бояд дар мадди аввал қарор гирад.

Дар ҳар давлати соҳибистиқлолу мустақил, шахсон ё гурўҳҳое пайдо мешаванд, ки пешрафти иқтисодиёти кишвар, рушд ва инкишофи соҳҳаҳои гуногуни ҳоҷагидорӣ ва аз ҳама муҳим сулҳу суботи ҷомеаро дида наметавонанд ва бо амалҳои ифротию хоинона кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҷомеаи мутамаддинро аз байн баранд.

Давоми ҳафтаи ахир вазъи сиёсӣ дар Бадахшон боз муташанниҷ гардид, ки амнияти кишвари моро шикананда ва мувоҷеҳ ба хатар намуд. Ин буҳрон боиси истифода гардидани амалҳои тахрибкорона ва нерўи ҳарбӣ шуд, ки талафоти ҷонӣ дар пай дошт. Аз ин рў, ҳолати ба амал омада аз ҷиддияти мушкилот дарак медиҳад, ки метавонад ба амнияти кишвари мо хатари ҷиддӣ тавлид намояд. Хусусан дар шароити имрўза, ки бинобар вазъи ҳамсоякишвари мо Афғонистон, мушкилоти сарҳадӣ бо Қирғизистон, эълони мухолифини дар хориҷ қарордошта барои муборизаи мусаллаҳонаи сиёсӣ, баҳсу ҷадалҳои мавҷуда дар атрофи буҳронҳои қаблӣ дар минтақаи Бадахшон вазъи амнияти кишвари мо то як андоза нигароникунанда гардида буд, буҳрони зуҳурнамуда метавонад таҳдиди ҷиддие ба амнияти кишвари мо бошад. Албатта зуҳури ин буҳрон таҳлили ҳамаҷонибаи сиёсӣ ва ҳуқуқиро талаб мекунад, ки чаро вазъи минтақа дар як давраи хеле ҳассос барои кишвари мо ба чунин ҳолат печид.

Тибқи маълумоти расонаҳои расмӣ як гурӯҳ дасисабозони дигар тинҷиву оромии Бадахшонро халалдор сохта, санаи 16-уми майи соли ҷорӣ тахминан соати 18.30 дақиқа саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ Мамадбоқиров Мамадбоқир таҳти роҳбарӣ ва сарпарастии Мамадшоева Улфатхоним Масумовна ва шахси дар ҷустуҷӯй қарордошта Шерзамонов Алим, дар маҳаллаи Хоруғи болои шаҳри Хоруғ, бо мақсади халалдор намудани амнияти ҷамъиятӣ, монеъ шудан ба фаъолияти мақомоти давлатӣ, тарсонидани аҳолӣ ва таъсиррасонӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барои қабули қарор ба манфиати ашхоси ҷиноятпеша гирдиҳамоии ғайриқонунӣ ташкил намуда, шахсони гумроҳро ба он даъвати беасос намудаанд. Ин дафъа гурӯҳи дигари ҷиноятпеша дар Бадахшон, ки ҳадафи асосиашон ноором сохтани вазъи ин минтақа мебошад соатҳои 20.40 дақиқаи рӯзи 18.05.2022 бо супориши Мамадбоқиров Мамадбоқир як гурӯҳ ҷавонони ноогоҳ бо роҳбарии Назришоев Замир Маҳтобшоевич, соли таваллудаш 1993, сокини маҳаллаи Ш.Шоҳтемури шаҳри Хоруғ, ба хизматчиёни РВКД дар ВМКБ, ки дар бинои Суди вилоят вазифаҳои хизматии худро иҷро мекарданд, ҳамлаи мусаллаҳона намуда, норинҷаки дастиро тарконидаанд.

Дар натиҷаи ин амалҳои ғайриқонунии номбурдагон муовини аввали сардори РВКД дар ВМКБ, полковники милитсия Муборакшозода Ғайратшо Ғуломшо, корманди шуъбаи оперативии РҚД ВКД капитан Қамишев Шуҳрат Абдуҷабборович ва командири взводи таъиноти махсуси Қисми ҳарбии 3503 ҚД ВКД лейтенанти калон Файзуллозода Абубакр ҷароҳат бардошта, дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Дар ин маврид дар шабакаҳои интернетӣ дидгоҳҳои мухталифро дучор шудан мумкин аст, ки мухолифони дар хориҷ буда, фаъолияти гурўҳҳои ҷиноятпеша дар Бадахшон, нафарони фурӯхташуда ба хоҷагони хориҷа ва дигар омилҳоро муқассири чунин буҳронҳо меҳисобанд. Мушоҳида мегардад, ки чунин буҳронҳо то як андоза боиси қисматшавии (сегментатсия) ҷомеаи мо мегардад. Дар умум вазъи имрўзаи Бадахшон кулли мардуми кишвари моро нигарон намудааст. Ин қазия мебоист бо роҳи дурусти сиёсиву ҳуқуқӣ ҳалли худро меёфт. Аммо бинобар сабаби боло гирифтани манфиатҳои гурўҳӣ, хостаҳои қудратталабӣ, муносибати бемасъулиятонаи доираҳои муайян нисбати амният ва суботи кишвар ин мушкилот ба як буҳрони печидаи сиёсӣ густариш пайдо намуд. Моро зарур буд, ки ҳамагуна вазъи низоъангезро дар минтақа тавассути музокира ҳаллу пешгирӣ намоем, то нерўҳои мухталифи манфиатхоҳро барои суиистифода намудан аз ҳолати мавҷуда дасткўтоҳ намоем.

Аслан мушкилоти Бадахшон чандин солҳо аст, ки ҳамчун масъалаи ҳалталаб аз худ дарак медиҳад. Роҳи самараноки ҳалли он ба андешаи коршиносони мухталиф ин музокироти конструктивӣ ва ҳалли мушкилоти иқтисодиву иҷтимоии минтақа ба назар мерасид. Дар ҳар сурат таҷрибаи ҳалли мушкилоти минтақа нишон медиҳад, ки тавассути низоъ ҳал намудани он ғайриимкон аст. Роҳи низомии ҳалли мушкилот дар ҳама ҳолат боиси ҷудогӣ ва дурии бештар шуда заминаро барои суиистифодаи гурўҳҳои мухолифин аз шароити баамаломада фароҳам намудааст. Агар дар хотир дошта бошем, аз қазияи соли гузашта низ мухолифин васеъ суиистифода намуда, мехостанд вазъи сиёсии кишвари моро ноором гардонанд. Аслан ҳар як мушкилоте, ки дар ҳудуди кишвар ба миён меояд гўё об рехтан ба осиёби мухолифони сиёсӣ аст, ки ҳафтаҳои охир муборизаи мусаллаҳонаро ба таври ошкоро эълон намудаанд. Эҳтимолан онҳо нуқтаи низоъангез ва заифро дар қазияи ҳалношудаи Бадахшон пайдо намуданд. Эҳтимолан миёни мушкилоти зуҳурнамуда дар Бадахшон, ба роҳ мондани эътирозҳои хушунатомез, ки боиси сар задани низои мусаллаҳона дар ин минтақа гардид ва эълони муборизаи мусаллаҳона аз ҷониби мухолифин пайванди муайяне ҷой дорад. Шояд онҳо ҳангоме, ки аз мухолифати муссалаҳона ва мавҷудияти ҷиноҳҳои мусаллаҳ суҳбат менамуданд маҳз амали тахрибкоронаи дар Бадахшон рух додаро дар назар доштанд.

Мутаассифона нерўҳои манфиатхоҳ аз мушкилоти зуҳурнамуда дар Бадахшон ба таври васеъ суиистифода намуда истодаанд. Аз ин рў, зарур мешуморем, ки ҳарчи зудтар мушкилоти мавҷуда ҳалли сиёсиву ҳуқуқии худро пайдо намояд, то заминае барои паҳншавии низоъи сиёсӣ дар миён намонад. Дар ин маврид ҳамаи мо сокинони кишварро зарур аст, хештандорӣ намуда, манфиатҳои миллию давлатӣ ва суботу оромии онро дар маддӣ аввал гузорем. Барои манфиатҳои ҳизбиву гурўҳӣ ва худҳонаамон суботу амнияти кишварро ба ҳам нарезем.

Мо ин кирдорҳои ғаразонаи гурӯҳои манфиатхоҳу ҷиноятпешаро қатъиян маҳкум менамоем. Оромии Бадахшонро халалдор насозед, зеро давлу миллат шуморо нахоҳад бахшид.

Шамил Назарзода – таҳлилгар, ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ