Бозтоби масъалаҳои терроризм ва экстромизм дар матбуоти даврӣ

Масоили терроризм ва экстремизми ҷаҳонӣ тайи солҳои охир бо дарназардошти ба мушкилии умумисайёравӣ табдил ёфтанаш таваҷҷуҳи ҷомеаи мутамаддин ба он афзудааст. Яке аз мавзӯъҳое ба шумор меравад, ки пайваста дар сархати расонаҳои чи дохилӣ ва чи хориҷ қарор дорад.
Зеро таҳдиду хатарҳои ин падидаи номатлуб барои пойдории сулҳу субот дар ҷаҳон мавриди таҳлил ва баррасии коршиносони сатҳ ва соҳаҳои мухталиф қарор гирифтааст ва ҷомеаи башарӣ барои решакан намудани ин равияҳои хатарзо пайваста талош доранд.
Терроризм - яъне зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони воқеӣ, маҷбур кардан ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони хуқуқӣ, хамчунин нобуд сохтани (зарар расонидан) ё таҳдиди нобуд сохтани (зарар расонидан ба) амвол ё дигар объектҳои модии шахсони воқеӣ ва хуқуқӣ, ки боиси хавфи ҳалокати одамон, расонидани зарари басо ҷиддӣ ба амвол ё ба миён омадани оқибатхои барои ҷамъият хавфнок маънидод гардидааст.
Ду падидаи номатлуб терроризм ва экстремизм имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ки ин дар алоҳидагӣяк хатарниз бар насли башар мебошад.
Дар ҳақиқат терроризм падидаи номатлуб буда, дар фаҳмиши он содир намудани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили куштор, ба гаравгон гирифтани мардум, тарконидани иншоот, хиёнат, таҷовуз ва амсоли инҳо мебошад.Ҷавононрозарур аст,зиракии сиёсиро ба кор баранд ва фирефтаи гурӯҳҳоиифротӣ гашта, худ ва наздиконашонро зери хатар нагузоранд.
Бояд гуфт, нақши Паёмҳои Президенти ҶумҳурииТоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакатсамти муқовимат ба терроризму экстремизм ва дигар ҷиноятҳо хеле муҳиманд, зеро дар онҳо аз ҷониби Пешвои миллатроҳу усули пешгирӣ намудани зуҳуроти манфуру зишт, аз қабилитерроризм ва экстремизм муайян карда мешаванд ва дар заминаи онҳо санадҳои меёърии ҳуқуқӣ қабул гардида, баҳри ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини амнияти ҷомеа ва давлат волоияти қонун ва таҳкими Ваҳдати миллӣ равона карда мешаванд.Вобаста ба ин Қонуни ҶТ “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” қабул гардидааст. Мақсади қонуни мазкур аз инҳо иборат аст:
-татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм;
-татбиқи ӯхдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи-мубориза бар зидди терроризм;
-танзими ҳуқуқии муносибатҳои вобаста ба мубориза бар зидди терроризм;
-ташаккули вазъи тоқатнопазири аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба терроризм;
-ошкор, пешгирӣ ва қатъ намудани фаъолияти террористӣ, бартараф кардани сабаб ва шароитхои пайдоиши терроризм.
Воқеан вазъи имрӯзаи бамиёномада тақозо мекунад, ки ҳар яки мозиракии сиёсиро аз даст надода, баҳриҳифзи сулҳу суботи ҷомеабетарафӣ зоҳир нанамоем.
Мақсад аз овардани мисолҳо дар он аст, ки мавзӯи терроризм ва падидаҳои номатлуб, ки боиси ташвиши ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштааст, мубрамияти мавзӯъро тақозо месозад ва ҳамзамон матбуотинъикосгари ҳаёти ҷомеа мебошад, баҳри маърифатнокии мардум ва баланд бардоштанитафаккури тамоми қишри ҷомеасаҳмгузор аст.
Терроризму экстремизм якеаз зуҳуроти номатлубест, ки дар нимаидуюми асри 20 мавриди омӯзишва таҳлилиҳарчи бештари коршиносонисоҳа қароргирифт. Зеро онмудҳиштаринҷиноят дарҳаётиинсонӣбуда, ҷомеаиҷаҳониро баизтиробовардааст.
Мавриди зикр аст, ки тайисолҳоиохирдоирбаафзоиш вагустариши терроризмва экстремизм ва дигарпадидаҳоиноматлубухатарафзодар воситаҳоиахбори омма хабару мақолаҳоизиёд ба назармерасанд, киин нуқтадавлату ҷомеаи соҳибтамаддунро бетараф гузошта наметавонад.Мо низ мекӯшем,нисбати чунин зуҳуроти номатлуб бетарафӣ зоҳир накарда, баҳри шукуфоии кишварамон саҳми арзанда гузошта бошем.
Оид ба бозтоби масъалаҳои терроризм ва экстромизм гарчанде ки таҳқиқоти дигар гузарониданд, қисматҳои гуногуни масъала низ дида шудааст ва дар таҳқиқи рӯзномаҳои “Ҷумҳурият” ва “Фараж” роҳандозӣ шудааст.
Матбуот дар мавриди баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ саҳми бузург дошта, барои дастрасии иттилоот ҷаҳду талош меварзад. Маърифати аҳолӣ тариқи матбуот то андозае назаррас ба роҳ монда шудааст.
Зимни таҳлил мо аз ду рӯзномаҳо ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ истифода намудем то фаҳмем, ки мавзӯъҳо дар рӯзномаҳои ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ чи тавр баррасӣ шудаанд.
Мавзӯи терроризм ва экстремизми ҷаҳонӣ дар саҳифаҳои матбуотӣ чи ҳукуматӣ ва чӣ хусусӣ ҷойгоҳи хоси худро пайдо намудааст, ки ин ба тезутундшавии фаъолияти ҳаракатҳои ифротгароӣ дар минтақаҳои ҷудогона ва афзоиши таваҷҷуҳи аудитория ба ин мавзӯъ тавъам аст.
Рӯзномаҳои ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ дар бозтоби масъалаи ифротгароӣ аз нигоҳи фарогирии масъала ва шакли пешниҳод махсусиятҳои худро доранд.
Рӯзномаи “Фараж” ҳамчун ҳафтаномаи Маркази таҳқиқоти журналистони кишвар дар инъикоси мавзӯъ тарзи пешниҳоди ҷолиби диққатро интихоб намуда, дар қолаби жанрҳои мухталифи журналистӣ маводи иттилоотӣ ва таҳлилии аҳамиятнок чоп мекунад.
Рӯзномаи “Ҳақиқати Cуғд” дар инъикоси масоили тундгароӣ вижагиҳои худро дорад. Муваффақиятҳои рӯзнома дар ин самт кам нестанд. Аммо як камбудии рӯзнома дар самти инъикоси мавзӯи мазкур мавҷудияти мавод ва андешаҳои такрориву обшуста дар саҳифаҳои рӯзнома мебошад. Ҷиҳати инъикоси мавзӯи мавриди назар рӯзномаи “Фараж” аз рӯзномаи “Ҷумҳурият”, баъзе бартариятҳоро дорад, ки сифати маводи журналистӣ афзалияти асосии маводи рӯзномаи авваларо ташкил медиҳад.
Боиси зикр аст, кимаводи ҳарду то ҷое бозгӯйкунандаи асли масъалаҳастанд, аммо дар ин радиф аз камбудиҳо орӣ нест ва минбаъд ислоҳи камбудиҳо ҷиҳати таъмини талабот ва меъёрҳои инъикоси масъала ба манфиати кор хоҳад буд.
Розиқзода Б. А., дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии фарҳангшиносӣ МДТ “ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров”