Боз паймоншиканӣ?!
Масъалаҳои баҳси марзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон тибқи Созишнома, алҳол аз ҷониби гурӯҳи корӣ бо ҷалби мутахассисони соҳа – топографҳо мавриди баррасӣ, омӯзиш ва мувофиқсозӣ қарор гирифтааст, ки падидаи барқароршавии муносибатҳои дӯстона байни давлатҳои ҳаммарз мебошад. Вале, ин навиди накӯро шумхабари муқовиматибайни сарҳадбонони қирғиз бо аскарони шуҷои Ватани маҳбубамон олудаю халалдор сохт. Дар таърихи 12 апрел марзбонони қирғиз боз аҳду паймони давлатдорони худро шикаста ба сӯи далерони тоҷик тиркушоӣ намуданд, ки боиси маломат аст. Чӣ тавр як – ду аскари ҷавони бефаросоти бемасъулият созиши байнидавлатиро риоя намекунад? Ё ақлу тамизи расо надораду тарбияи ватандӯстӣ надорад? Магар орият надоранд, ки паймон мешикананд?!
Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”