Бори каҷ ҳаргиз ба манзил намерасад!
Мо аҳли устодон ва кормандони кафедраи таърихи Ватан ва археологияи факултети таърих ва ҳуқуқ МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” филми ҳуҷҷатии “ШИКАСТИ ФИТНА” – ро, ки мақсаду ҳадафҳои ғаразноки ташкилкунандагони нооромиҳои рӯзҳои охир дар ВМКБ ба вуқуъ пайвастаро рӯи саҳна овардаанд, тамошо намуданд.
Устодон ва кормандони кафедра зимни тамошои филм, ки бо исботи далелҳо ба саҳна оварда шудааст, дар бораи ташкилкунандагони ин тазоҳуротҳо дар ВМКБ Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, Улфатхоним Мамадшоева, Алим Шерзамонов ва Холбаш Холбашов маълумоти гирифтанд ва амали онњоро, ки ба халалдор кардани вазъи ором нигаронида шудааст, мањкум менамоянд.
Дар рафти тамошои филми “ШИКАСТИ ФИТНА” аён гардид, ки ин хиёнаткорон ба гапи “хоҷагон” – и хориҷиашон даромада, бо мақсади ба даст овардани маблағи ночиз ба амалҳои нангин даст зада, ҳуввияти миллии худро фурӯхтаанд. Ин шахсон дар таърих бо хатҳои сиёҳ номашон дарҷ мегардад ва наслҳои оянда онҳоро ҳамчун “ҳуввиятбохта” эътироф мекунад.
Ҳар шахси бедордилу худогоҳро зарур аст, ки пас аз тамошои ин филм ба худ сабақ гирад ва барои нигоҳ доштани сулҳу амният дар кишвар камари ҳиммат бандад.
Хушбахтона дар натиҷаи сиёсати дурандешона ва ватандӯстонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир тинҷиву оромӣ дар давлати мо пойдор аст. Яке аз корҳои муҳими анҷомдодаи Президенти мо ин мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ ба шумор меравад. Дар чандин баромадҳояшон Сарвари давлат борҳо ишора мекунанд, ки террорист Ватан, миллат ва забон надорад. Ин гуфтаҳои муҳтарам Эмомалӣ Рахмон имрӯзҳо боз тасдиқи худро ёфт. Бархе аз хоинони Ватан дар дохил ва аз берун аз давлат истода мехоҳанд нооромии Тоҷикистонро халадор созанд.
Аз ин рӯ мардуми шарафманд, бо нангу номус ва меҳнатқарини Тоҷикистонро зарур аст, ки барои ҳифзи марзу бум, асолати миллӣ, сулҳу субот ва амнияти кишвар аз як гиребон сар бароварда, Тоҷикистонро аз ҳама гуна тааррузу бесуботӣ ҳифз намоем.
Тоҷикистон! Фидои ҳар як қатраи обат ҳастам, ҷонсупори ҳар як зарраи хокат.
Бигзор дар осмони беғуборат партави сулҳу ороми танинандоз бошаду озодиат устувор бимонад, Тоҷикистони азизи ман!
Устодони факултети таърих ва ҳуқуқ