Bomdod.com- паҳнкунандаи хабарҳои бардуруғ

Бино ба иттилоои сомонаи Bomdod.comгуё дар шаҳри Хоруғ бесару сомониҳо руҳ додааст. Чун хар вақта ин сомона хабарҳои бардуруғу насанҷидаро паҳн мекунад. Ҳангоми мутолиаи мақолаҳои сомонаи мазкур муайян мешавад, ки мазмуни мақолаҳои ин сомона беасос ва иғвогарона мебошад. Имрӯз мардум аз расонаҳои интернетӣ ба таври васеъ истифода менамоянд. Ба ҳамагон маълум аст, ки интернет дар замони ҳозира ӽамчун майдони рақобат барои паҳн кардани арзишҳои гуногун истифода мешавад. Вақте мо доир ба расонаҳои интернетӣ сухан мекунем, албатта ҳастанд нафароне, ки бо панду андарз, насиҳатнома ва қиссаву ривоятҳои ҷолибу хонданӣ мардумро тарбият мекунанд. Аммо бо баробари ин расонаҳоеҳастанд, ки сомонаҳои хусусӣ буда, бо суханҳои бемантиқ ва хабарҳои дурўғ байни мардум фитна андохта, ба зеӽни мардум зарба мезананд.

Мувофиқи таҳлилҳои мавҷуда як қатор сабаб ва омилҳо, ба монанди, таъсири манфии сабтҳои электрониву видеоӣ, китобу маҷаллаҳо ва дигар маводи чопии дорои хусусияти зўроваридошта, ба афзоиши ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиѓон, гаравидани онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ замина мегузорад.

Ҷаҳони муосир пуртазод аст, ки он манотиқи гуногуни оламро фаро гирифтааст, лекин шукрона кишвари азизи мо таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рўзҳои аввали истиқлолият худшиносиву худогоҳиро дар мадди аввал гузошт. Мардумро ба якдигарфаҳми, ягонагӣ ва сулҳи устувор даъват намуд. Имрўз мо тамоми қишрҳоиҷомеа маҳз аз рўи ин ҳадафҳоисозанда, ки рушди минбаъдаиҳар як давлатро нишон медиҳанд кору фаъолият намоем.

Ҷомеаи имрўзаи мо бо суботи комили сиёси пеш рафта истодааст ва онро тамоми қишрҳои ҷомеа бояд дастгирӣ намуда, тамоми ҳастии худро барои рушди кишвари азиз сафарбар намоянд. Монабояд ба суханпардозиҳои беасос гўш андозем, балки бо фарҳангу маърифати баланди Ватандўсти баҳри гулгулшукуфии Тоҷикистони азиз кору амал намоем.

Барно Умарова

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ