Бо иғвоангезӣ кас ба ҳадаф нарасад!

Суботу оромӣ дар раванди бунёду нигоҳдошти давлатдории миллӣ яке аз масъалаҳои калидӣ маҳсуб мешавад. Дар замони муосир хавфҳои зиёде вуҷуд дорад, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш оварда, таъсири худро ба тамоми сокинони сайёра мерасонад. Имруз ҷаҳон ба як марҳилаи душвори сиёсӣ рӯ ба рӯ гардидааст ва ҳифзу ҳимояи амнияту осоиштагии давлатҳо дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор гирифтааст.

Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст.

Яке аз масъалаҳое, ки ҳоло башариятро ба ташвиш овардааст, ифротгароӣ ва зуҳуроти номатлуби он аст. Дар маҷмӯъ ифротгароӣ ҳамчун пайравӣ ба ақида ва амалҳоест, ки меъёрҳо ва қоидаҳои дар ҷомеа мавҷударо қатъиян рад мекунад. Ин зуҳуроти номатлуб имрӯзҳо тариќи расонаҳо зиёд паҳн шуда, тавассути наворҳо диққати миллионҳо сокинони сайёраро ба худ ҷалб менамояд.

Гурӯҳу созмонҳои ифротгарое ба миён омадаанд, ки хатари ҷиддӣ ба амнияти тамоми давлатҳои рӯи ҷаҳон доранд. Ҷаҳони муосир, ки дар давраи рушд ва навовариҳои илмию техникӣ қарор дорад, аз ҳар шахс зиракиву ҳушёрӣ ва дурандешиву тафаккури амиқро талаб менамояд.

Бояд гуфт, ки низоми ҷаҳони муосир дар ҳоле қарор дорад, ки манофеи сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангию геополитикӣ дар ҳоли бархӯрд қарор доранд.

Раҳбари ТТЭ ҲНИ хиёнаткориҳои аъзоёнашро дарк намуда, баҳри ҳимояи онҳо роҳҳои гуногунро пеша карда, зери назари дигарон нишасту вохӯриҳо мегузаронад, то ҳар гуна амалҳои зишти онҳо пушти парда монад. Вале намедонад, ки халқи тоҷик кайҳо аз фаъолияти тахрибкоронаи ТТЭ ҲНИ огоҳанд. Далел ҳамин аст, ки Муҳиддин Кабирӣ бо думболагириҳои ифротияш ба сўи сарзамине, ки дар он таваллуд шудаву ба воя расидааст, сангандозӣ карда, ба Ватан хиёнат намудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикисон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳони ҳамеша мубориза бар зидди ин падидаи номатлубро вазифаи аввалиндараҷаи хеш шуморидааст. Нафароне, ки амалҳои номатлубро нисбати ҷамъият ва кишварашон мекунанд ё карданд, қалбу нияташон ва ботинашон моломоли кибру ғурур, нопокӣ, фисқу фуҷур ва амалҳои аҳриманӣ мебошад.

Маълум нест, ТТЭ ҲНИ то ин дам чӣ кореро ба нафъи халқ ба сомон расонида, ки ақидаҳои интиқодиро нисбат ба миллати тоҷик пеш меорад.

Бояд гуфт, ки бархе аз душманони миллати тоҷик бо ҳар роҳу восита мехоҳанд фазои тинҷу ороми кишварро халалдор намоянд. Ин тоифаи нотавонбин ва ғуломи зархариди хориҷиён пайваста талош мекунанд, ки тариқи телевизион ва шабакаҳои иҷтимоӣ бар зидди мардуми шарафманди тоҷик ва давлати тоҷикон иғво ангезанд. Ин амалҳои эшон берун аз кирдорҳои неку наҷиби инсонӣ буда, ба ҷуз хиёнат ба Ватан чизи дигаре нест. Ҳар як фарди ин диёр бояд бифаҳмад, ки Ватан фарзандони хоинашро ҳеҷ гоҳ намебахшад!

Мардуми шарифи Тоҷикистон ба арзишҳои давлату миллати хеш эҳтиром қоил аст ва онро чун гавҳараки чашм муҳофизат хоҳад кард. Ҳама ин тараққиёт, рушду такомул, пешрафт, ободониву созандагӣ, амнияту бехатарӣ магар аз сулҳу ваҳдат нестҳ Магар ин хандаи кўдакон, оромии қалби модарон ва осмони мусаффо аз тинҷӣ нестҳ Ин ва дигар суоли зиёде ҳаст, ки шумо якчанд тоҷикони сиёҳдил ва ё иғвоангези хориҷа, ки бо баромадҳои беасосу иғвоангези хеш байни мардум тафриқа меандозед, бояд биандешед!

Нурматзода Ш.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ